Ovozi.uz

Ӯзбекистон ва Эрон ҳамкориҳоро дар соҳаи таълим таҳким мебахшанд

Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгратбой Шарипов дар доираи Нӯҳумин нишасти вазирони таълими давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо вазири илмҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симайи-Сарроф мулоқот анҷом дод.

Дар бораи ин вохӯрӣ портали эронии Tehran Times хабар додааст.

Конгратбой Шарипов дар бораи фаъолияти технопарки муштарак, ки дар Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, маълумот дода, зарурати васеъ кардани чунин марказҳоро таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Ӯзбекистон омода аст ҳамкориро дар доираи созишномаи бо Донишгоҳи технологии Шариф қаблан баимзорасида амиқтар намояд.

Аз ҷониби худ, вазир Симайи-Сарроф ҳавасмандии худро нисбат ба таъсиси технопаркҳои нав ва кластерҳои байналмилалии инноватсионӣ дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон баён кард.