18-уми май — Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо — 18‑уми май аз соли 1978 инҷониб ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамон вақт бо қарори Ассамблеяи генералии XII Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо 18‑уми май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо эълон карда шуд.
Дар ҳама давру замон осорхонаҳо ҳамчун василаи нигаҳдории хотираи наслҳои гузашта, ғанӣ гардонидан, инкишоф додани тафаккур ва баланд бардоштани шуурнокӣ хидмат кардаанд. Соли 1998 баъди ба амал татбиқ шудани Қонун «Дар бораи фаолияти музейҳо»-ӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътибор ба осорхонаҳо бештар гашта, ба рушду тараққиёти онҳо мусоидат намуд.
Музей-мамнуъгоҳи давлатии таърихӣ, меъморӣ ва санъати Самарқанд, ки соли 1982 таъсис ёфтааст, дорои 13 осорхона ва 3 ёдгории таърихию меъморӣ мебошад. Инҳо Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги Ӯзбекистон, Осорхонаи таърихи Самарқанд дар шаҳраки Афросиёб, Хона-музейи ёдгории Садриддин Айнӣ, маҷмааи осорхонаҳои Мирзо Улуғбек, Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии Самарқанд, осорхонаи таърихӣ дар Иштихон, осорхонаи таърихӣ дар Пахтачӣ, осорхонаи кишваршиносӣ дар ноҳияи Каттақӯрғон, Хона-музейи Абдулазиз Абдурасулов, Хона-музейи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Хона-музейи ёдгории Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли дар ноҳияи Қӯшработ, мақбараи Амир Темур (масҷиди Бибихоним), мадрасаи Нодири Девонбегӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Музей-мамнуъгоҳи давлатии Самарқанд яке аз қадимтарин муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ ба шумор меравад. Музей дар давраи мавҷудияти худ аз соли 1874 қариб 240 ҳазор экспонатро, ки аҳамияти калони илмӣ ва бадеӣ доранд, гирд овардааст.
Асоси коллексияи аввалини экспонатҳои осорхонаро ашёҳои бозёфтаи бостоншиносон аз шаҳраки Афросиёб ташкил медод. Баъдтар ашёву экспонатҳои ба фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон хос ҷамъовари карда шудаанд.
Решаҳои фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ба асрҳои қадим рафта мерасанд. Дар Осорхонаи давлатии Самарқанд ҷавоҳироти асри биринҷӣ мавҷуданд, ки ба асрҳои 15–13‑и то мелод тааллуқ доранд. Онҳо дар солҳои 60‑ум аз қабристонҳое, ки дар деҳаи Мӯъминободи наздикии Ургути вилояти Самарқанд ҷойгиранд, пайдо шудаанд. Аз гӯрҳои занона гӯшвораҳои биринҷӣ ва тиллоӣ бо зангӯлаҳои васеъ, дастбандҳои аз биринҷии сохташуда, мӯҳраҳои биринҷӣ ва оина ёфт шудаанд. Инчунин маснуоти заргарӣ ва дигар асарҳои санъати давраҳои минбаъдаро хеле зиёд дарёфт кардаанд. Инчунин, коллексияи тангаҳо, дастнависҳои нодир, асбобҳои мусиқӣ, кандакорӣ аз чӯб, нақшкориҳои чармӣ, ашёи рӯзгор, либос ва ғайра мавқеи калон дорад. Навъи маъмултарини бозёфтҳои археологӣ зарфҳои рӯзгорест, ки аз гил сохта шудаанд.
Экспонати нодири осорхона аз давраи ташаккули ҷамъияти ғуломдорӣ — кулоҳи биринҷии асри VI пеш аз мелод мебошад. Он ба як ҷанговари сакҳои нади Арал тааллуқ дорад.
Маҷмӯаи коропластҳо — ашёи хурди санъати терракотӣ, ҳайкалчаҳои тасвири одамон ва ҳайвонот, зарфҳои дорои осори чеҳраҳо ва сафолҳои тасвирӣ яке аз калонтарин ва назаррастарин мебошанд. Аввалинаш ба нимаи дувуми ҳазораи 1-и пеш аз милод, охиринаш ба асри 8-и милод рост меояд. Коропластика як намуди мустақил, устувор ва дарозмуддати санъати Суғдиёни қадим буда, ба мо имкон медиҳад, ки таҳаввулоти сабкҳои бадеиро дар тӯли зиёда аз 10 аср пайгирӣ кунем.
Коллексияи нумизматикӣ (сиккашиносӣ) тақрибан аз 20 ҳазор танга иборат аст. Инҳо сарватҳои қадимӣ, бозёфтҳои инфиродӣ ва тасодуфӣ ва коллексияҳои шахсони ҳаваскор мебошанд. Тангаҳо объекти муҳими таърихи сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои нумизматҳо ва санъатшиносон майдони васеи фаъолият мекушоянд.
Осорхонаи Самарқанд соҳиби экспонати нодир — глобуси маорифпарвари маъруфи Хуҷанди асри 19 ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов мебошад. Глобус дар зери таъсири илми пешрафта дар солҳои 80‑уми асри 19 сохта шудааст. Он бори аввал соли 1896 дар намоишгоҳи хоҷагии қишлоқи вилояти Самарканд намоиш дода шуда буд.
Дар коллексияи музей барои асарҳои ҳақиқии санъат — наққошӣ ва тасвирӣ ҷои муносиб дорад.
Кормандони музей бо осорхонаҳои Фароса, Британияи Кабир, Амрико, Ҷопон, Корея, Австралия, Россия, Германия, Хитой ҳамкорӣ мекунанд. Дар анҷуманҳои байналмилалӣ иштирок карда, барои пурра кардани фонди музей-мамнуъгоҳ саҳми худро мегузоранд.
Гулбаҳор АБДУРАҲМОНОВА, мудири шӯъбаи санъати Осорхонаи давлатии таърихи маданияти Ӯзбекистон.
