Анҷумани матбуотӣ
Дар Хонаи матбуоти вилоят оид ба корҳое, ки аз ҷониби Садорати вилоятии Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиён амалӣ мешаванд, «Мулоқоти кушод» баргузор гардид.
Дар он сарвари Садорати вилоятии Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиён Бобохон Тоиров, мушовири раиси кумита Отабек Усмонов, ҷонишини сарвари садорат Мансур Ҳамроевҳо иштирок намуда, роҷеъ ба корҳое, ки аз ҷониби садорат дар соли 2024 ва чоряки аввали соли 2025 амалӣ гардидаанд, маълумот доданд.
Зикр гардид, ки ба садорат аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар соли 2024 зиёда аз 3 ҳазор муроҷиат, дар чоряки аввали соли 2025 бошад, қариб 3 ҳазор муроҷиат омадааст.
Дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо, дар давоми соли 2024 қариб 18.5 миллиад сӯм ва дар чоряки якуми имсола зиёда аз 3.5 миллиард сӯм маблағ ба нафъи истеъмолчиён ва субъектҳои соҳибкорӣ аз нав ҳисобу китоб карда шудааст.
Садорат бо мақсади рушди маданияти истеъмоли аҳолӣ ва соҳибкорон зиёда аз 60 маротиба чорабиниҳои тарғиботӣ доир намудааст.
