Ovozi.uz

Маҷмӯаи сайёҳӣ ба ҷашни бузург

Дар арафаи ҷашни 35‑солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар деҳаи зебоманзару хушҳавои Миронқул маҷмӯаи истироҳатӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯйи ва солимгардонии «EDELVEYS PSA RESORT» ба истифода супурда шуд.

Таъкид намуд, ки Қарори Сарвари давлатамон аз 6‑уми феврали соли 2024 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти минтақаи сайёҳию истироҳатии рекреатсионии «Оҳалик — Оқбӯрё — Миронқул», ки 5 ҳазор гектар заминҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳиро дар бар мегирад», дар дилу дидаи мардуми ин минтақаҳои дурдасти Самарқанд ифтихори ватандорӣ ва хурсандии беҳудудро овард.

Фарзанди фарзонаи Миронқул, инсони хоксору росткор, нексиришту ташаббускор Сайфиддин Салоҳиддинов ба кори хайру савоб даст зада, дар пешгоҳи дара маҷмӯаи туристию рекреатсионӣ бунёд кард, ки минбаъд сайёҳон аз тамоми қаламрави кишвар ва давлатҳои хориҷӣ ташриф меоранд.

Сайфиддин Асламович солҳои бачагӣ бо падари бузургвораш барои чорводорӣ ба қуллаҳои баланд расида, бо ҳайрат ба чор тараф менигарист. Диққату эътибори ӯро дарахту буттаҳои кӯҳӣ, паррандагони хушхон, ҳайвоноти ваҳшӣ ва хусусан дараи сабзу хуррами зодгоҳ ба худ мекашид.

Сайфиддин Салоҳиддинов ба насиҳату маслиҳатҳои падари бузургвораш Асламбобо амал намуда, ба бунёди дарахтзору гулзор пардохт. Ӯ дар тӯли шаш-ҳафт соли охир бо роҳи ҳашар ва дастгирии мардуми зодгоҳ ба талу ёнаҳои кӯҳсор беш аз 70 ҳазор бех ниҳолҳои манзаравӣ ва сояафкан шинонда, бо усули чакраобёрӣ сабзонида, бешаи арчазор бунёд намуд.

— Сайфиддин Асламович, дар бораи маҷмӯаи навбунёд, ки ба истифода супурда шуд, маълумот медодед.

— Дар муддати кӯтоҳ меҳмонхона барои 160 нафар сайёҳ, иншооти истироҳатию табобатӣ барои 500 нафар, ошхона, ҳавзҳои оббозӣ, майдони варзишӣ, толори консертӣ ва ғайра сохта шуданд. Аз ҳама муҳимаш, қариб 800 нафар аҳолии маҳалла бо кори фоиданок машғул мешаванд. Бо муносибати бунёди маҷмӯаи мазкур қариб 5 километр роҳ мумфарш ва бехатарии ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

Дар тадбири тантанавии ифтитоҳи маҷмӯаи солимгардонӣ ҳокими вилоят Адиз Бобоев ширкат варзида, ба ҷамоати корхонаи нав комёбиҳои баланд таманно намуд.

— Ба мақсади рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар се маҳалла — Оҳалик, Оқбӯрё ва Миронқул 185 лоиҳаи нав дар самтҳои экосайёҳӣ, этносайёҳӣ, агросайёҳӣ ва сайёҳии экстремалӣ амалӣ гардида, шумораи сайёҳон ва меҳмонон ба ноҳияи мо ба 2,7 миллион нафар хоҳад расид, — ба вакилони расонаҳои ахбори омма иттилоъ дод ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов. — Зеро аз буҷети ҷумҳурӣ барои рушди лоиҳаҳои мазкур беш аз 34 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардид. Ҳоло дар ноҳия 170 истироҳатгоҳи хурд ва 50 маҷмӯаи бузурги замонавии сайёҳӣ фаъолият доранд. Боз ба маълумоти шумоён расониданам лозим аст, ки шумораи умумии ҷойҳои қабули сайёҳон қариб ба 25 ҳазор расидааст. Ин маънои онро дорад, ки ғайр аз кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва моҳипарварӣ, сайёҳӣ низ ба яке аз «муҳаррик»-ҳои иқтисодиёти ноҳия табдил хоҳад ёфт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА