Ovozi.uz

Ҳар нақш як қисса дорад

Аввал сӯзан интихоб мешавад, баъд ришта аз сӯзан гузашта рӯи матоъ пайваста гуле мешукуфад. Барои аксарият ин танҳо нақшу нигор аст, аммо барои ҳунарманд Мавлуда Ҳамдамоваи ургутӣ ҳар як гул хотира, ҳар як ришта қисса ва ҳар як кашида порае аз таърих аст.

Дар ҳар гул ва ё нақше, ки ӯ меофарад, на танҳо маҳорати даст, балки сабру тоқат, завқи зебоипарастӣ ва муҳаббат ба мероси ниёгон акс ёфтааст. Кашидадӯзӣ барои вай танҳо ҳунар не, балки мазмуни зиндагӣ ва нақши дастони модар аст. Меҳри ин ҳунар дар дили ӯ аз овони кӯдакӣ ҷой гирифтааст. Устоди ӯ модараш буд. Бори нахуст сӯзан ба даст гирифта, ҷойнамоз дӯхт. Гарчанде он қадар зебо набаромада буд, вале модараш ӯро таъриф карда, бо навозиш гуфт, ки рӯзе кашидадӯзи моҳир мешавад. Ҳамин суханҳо ба ӯ боварӣ ба оянда бахшиданд. Бо ҳамин сол то сол ҳунараш сайқал ёфт ва кашидадӯзӣ ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагӣ гардид.

— Панҷоҳу ҳафт сол аст, ки бо кашидадӯзӣ машғулам. Ҳар боре ки кори навро ба анҷом мерасонам, аз он шод мешавам,- гуфт Мавлуда Ҳамдамова. — Аз ҳар як маҳсули дӯхтаам ифтихор мекунам, зеро ҳар кадоми онҳо таърихи худро доранд.

Панҷоҳу ҳафт соли меҳнати содиқона танҳо таҷриба не, балки эътироф низ овард. Ӯ соли 2013 ғолиби зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриятии «Ташаббус» шуд. Соли 2016 бо нишони сарисинагии «25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон», соли 2019 бо медали «Шӯҳрат», соли 2022 бо нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» ва соли 2026 бо нишони «Ибратли оила» сарфароз гардид. Илова бар ин, дар даҳҳо намоишу фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, бо беш аз сад диплом, ташаккурнома ва ифтихорнома мукофотонида шудааст.

Ҳангоми суҳбат бо ин зани ҳунарманд ҳис мекунед, ки ӯ ба ҳар як нақш ҳамчун чизи зинда муносибат мекунад. Вай мегӯяд, ки ҳеҷ як кашида тасодуфан офарида намешавад. Ӯ илҳомро аз худи зиндагӣ, аз табиат, аз офтобу моҳ, аз гулу гиёҳ ва аз муҳити атроф мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як нақш маънӣ ва симои худро дорад.

— Масалан, яке аз кашидаҳои қадимтарини мо болинпӯш аст. Аз қадим дар мо анъанае ҳаст, ки рӯзи тӯйи никоҳӣ арӯсу домодро зери болинпӯш бо суруди «Ёр-ёр» мебаранд. Чор нафар онро аз чор тараф мебардоранд, ки ин рамзи якдилӣ ва пуштибонии аҳли хонадон аст. Ҳар нақше, ки дар он дӯхта мешавад, маънои худро дорад. Нақши офтоб аз он шаҳодат медиҳад, ки диёри мо сарзамини офтобист. Чор гули якхела аз чор фасли сол дарак медиҳанд. Чойник рамзи меҳмоннавозӣ, анор меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ҳамдигарфаҳмии мардуми моро ифода мекунад. Мувофиқи эътиқоди мардум қаланфур рамзи муҳофизат аз чашми бад ва ҳар гуна офату бало аст, — афзуд ҳунарманд.

Қаҳрамони мақолаи мо мегӯяд, ки офаридани кашидаи зебо танҳо маҳсули маҳорати дӯзанда нест. Интихоби нақш, ҳамоҳангии рангҳо ва тарзи ҷойгир кардани онҳо низ ҳунари ҷудогона аст.

— Пештар нақшҳоро худам мекашидам, — гуфт Мавлудаойтӣ. — Ҳоло набераи 23 солаам Марҷона қаламкаш шудааст. Вақте мебинам, ки ҳунари авлодии мо идома дорад, хеле шод мешавам. Кашидадӯзӣ даромади доимӣ надорад. Баъзан фармоиш мегирем ва медонем, ки корамон чӣ қадар арзиш дорад. Аммо баъзан кашидае, ки имрӯз ба анҷом мерасонем, шояд баъди як ё ду сол харидор пайдо мекунад. Гоҳе бошад худи ҳамон рӯз фурӯхта мешавад.

Бояд гуфт, ки имрӯз зиёда аз 50 навъи кашидадӯзӣ мавҷуд буда, кашидаҳои Самарқанд, Ургут, Нурато ва ҳудудҳои дигар ҳар кадом бо нақшу услуби худ фарқ мекунанд. Қаҳрамони мо бештар ҷойнамоз, болинпӯш, рӯйҷо, сӯзанӣ, ойнахалта, чойхалта, ҷилди болишт, сумка ва либосҳои миллӣ медӯзад. Ба гуфтаи ӯ, агар сӯзаниро як нафар дӯзад, барои ба анҷом расонидани он зиёда аз як сол вақт лозим мешавад. Вале агар се-чор нафар ҳамроҳ меҳнат кунанд, сӯзаниро дар се-чор моҳ анҷом додан мумкин аст. Нархи сӯзанӣ ба матоъ, навъи ришта ва услуби дӯхтан вобаста буда, аз 3 то 15 миллион сӯм аст.

— Меҳнати кашидадӯз пеш аз ҳама сабр мехоҳад, — гуфт ӯ. — Аммо сифати кори дастиро бо ҳеҷ чиз қиёс кардан мумкин нест. Бист сол барои ансамбли «Бешқарсак» либос дӯхта додем. То имрӯз ҳамон либосҳоро мепӯшанд ва онҳо ҳанӯз ҳам сифаташонро гум накардаанд.

Имрӯз ҳунармандро бештар аз ҳама як масъала ба андеша мебарад. Ба гуфтаи ӯ, баъзе нақшҳои қадима тадриҷан аз байн мераванд. Агар онҳоро имрӯз эҳё накунанд, фардо шояд танҳо номашон боқӣ мемонад.

— Ман кӯшиш мекунам нақшҳои қадимиро дубора зинда намоям. Ҷавонон бояд таърих ва маданияти худро омӯзанд. Агар ин ҳунарро ҳифз кунем, таърихи худро низ ҳифз мекунем, — мегӯяд ӯ.

Ин суханҳо тасодуфӣ нестанд. Солҳои зиёд аст, ки Мавлуда Ҳамдамова шогирд тарбия мекунад. Вақте аз шумораи онҳо мепурсем, бо табассум мегӯяд, ки дигар ҳисобашро гум кардааст. Аммо аз як чиз ифтихор дорад, ки имрӯз бисёре аз шогирдонаш худ устод шудаанд ва ҳунари миллиро ба насли дигар меомӯзонанд.

Вақте аз хонаи кории Мавлуда Ҳамдамова берун мешавем, дар хотир танҳо кашидаҳои рангоранг не, балки пеши назар зане меояд, ки беш аз ним аср бо сӯзану ришта таърихи як миллатро рӯи матоъ меофарад. Барои ӯ кашида танҳо маҳсули меҳнат нест, балки қиссаест аз гузашта, имрӯз ва фардои зиндагист.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА