Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилоят бахшида ба мазмуну моҳияти таълимоти Имом Мотуридӣ ва аҳамияти он таҳти шиори «Мотуридия — муборизаи маърифат бар зидди ҷаҳолат» чорабинӣ гузаронида шуд.
Бахши Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар шаҳри Самарқанд, рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд», Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии Имом Бухорӣ, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов аз ташкилкунандагони чорабинӣ буданд.
Дар он сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, роҳбари бахши шаҳрии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Нигора Садинова, роҳбари зиёратгоҳи Абӯмансури Мотуридӣ Улуғбек Амиров, ходимони илмии Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии Имом Бухорӣ Алоуддин Неъматов ва Равшан Элмуродов, инчунин донишҷӯёну устодони ДДС ва кормандони васоити ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз видеонаворе, ки аз ҳаёт ва фаъолияти Имом Мотуридӣ қисса мекард, намоиш дода шуд.
Шахсоне, ки суханронӣ карданд, таъкид намуданд, ки нақши Имом Мотуридӣ дар олами дини ислом бузург аст ва таълимоти ӯ, ки ба муборизаи маърифат бар зидди ҷаҳолат нигиронида шудааст, ҳанӯз аҳаммияти худро накостааст.
— Зимни кор дар зиёратгоҳи Имом Мотуридӣ дарк кардам, ки халқи мо дар бораи алломаи бузургамон маълумоти кам доранд, — гуфт У.Амиров. — Аз ин рӯ, гузаронидани ин гуна ҷамъомадҳо барои боз ҳам муаррифӣ намудани симои аҷдоди бузургамон мусоидат мекунад. Ҳарчанд халқи мо дини исломро аз арабҳо омӯхта бошад ҳам, дар илму маърифат баъзан аз онҳо ҳам пеш гузашт. Ба асри Х омада, Имом Мотуридӣ ва дигар уламоҳо ба кори дин ҳиссаи бузурги худро ҳамроҳ карданд. Дар он замон ҳар гуна фирқаву равияҳо ва ғояҳои ботил паҳн мешуданд, ки халқи мусулмонро аз роҳи дуруст берун мекарданд. Дар ҳамин гуна давр Имом Мотуридӣ ва уламоҳои мисли ӯ зуҳур карданд ва ба Қуръону ҳадис такя намуда, ғояҳои худро пеш ронданд. Ба ин восита ба бисёриҳо роҳи дурустро нишон доданд.
Дар охир ба иштирокдорону меҳмонон тӯҳфаҳои рӯзномаи «Овози Самарқанд» супурда шуд.
«Мотуридия — муборизаи маърифат бар зидди ҷаҳолат»
