Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълими олӣ олимпиадаи ҳокими вилоят оғоз шуд. Дар он донишомӯзони боистеъдоди шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунанд.
Дар Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон–Финляндия аз фанҳои забони модарӣ ва адабиёт, забони ӯзбекӣ, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд аз фанни кимиё, дар Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд аз фанни математика имтиҳон мегиранд. Ҷараёни имтиҳонҳо аз фанҳои дигар дар муассисаҳои олии вобаста давом мекунанд.
Барои шаффоф гузаштани ҷараёни имтиҳонҳо падару модарон ва донишомӯзон олимпиадаи ҳокими вилоятро метавонанд ба тарзи онлайн мушоҳида кунанд.
