Аз ҷевон бастаи рӯзномаҳои якчанд сол пеш чопшудаи «Овози Самарқанд»-ро гирифта, мутолиа мекардам. Дар як саҳифа сурати сармуҳаррири аввалини рӯзнома, шодравон Норқул Остонақуловро дида, хотирам ба айёми гузашта парвоз кард ва рӯзҳои кори якҷоя пеши назарам ҷилвагар шуданд.
Моҳи июли соли 1992 бо тавсияи Раҳим Мавлонов ва Тошқул Азимов ба утоқи сармуҳаррир даромадем. Муаллим моро хуш пазируфта, ба вазифаи муҳаррири техникӣ ба кор қабул карданд.
Ҳангоми суҳбат як шахси бомаданият, маърифатнок ва ба ходимон меҳрубону ғамхор будани роҳбарро фаҳмида, ҳурматам афзуд. Дар ҷараёни кор даргоҳи рӯзнома бароям мактаби ҳақиқии омӯзиш гашт.
Рӯзнома, ки ҳафтае се маротиба бо усули фотонабор дар матбаа чоп мешуд, душвориҳои зиёде дошт. Зиддиятҳои ҳархела ҳам кам набуданд. Баъзан то нисфи шаб мемондем. Якчанд бор шабро дар болои курсии кабинет рӯз ҳам карда будем. Бо сарварии Нор Остонзода пас аз чопи рӯзнома сифати материалҳо таҳлил мегардид. Маводҳои беҳтарин номбар ва мақолаҳои суст танқид карда мешуд. Муаллим варақчаҳои зарди қайди худро гирифта як-як камбудиву муваффақиятҳои ходимонро мегуфтанд. Ҳама кӯшиш менамуданд, ки сифати рӯзнома хубу маводҳои хонданибоб чоп шаванд.
Нор Остонзода ба маданияти либоспӯшӣ эътибор медоданд ва худ намуна буданд. Инро аз дигарон ҳам талаб мекарданд. Бинобар ҳамин, дар идораи рӯзнома байни ходимон маданияти муносибату муомила, хушгуфторӣ, якдигарфаҳмӣ торафт пойдор мегардид.
Муаллим дар вазифашиносӣ, покизакорӣ ва масъулиятшиносӣ ҳамто надоштанд. Ходимон пагоҳӣ ба идора омада, барои салому ҳолпурсӣ назди сардор намедаромадем. Худи Остонзода соати нӯҳуним ё даҳи рӯз вақт ёфта, ба шӯъбаҳо даромада, аз ходимон хабар мегирифтанд. Бо ҳамаи кормандон муносибати хуб доштанд. Ба мудирони шӯъбаҳо наздик будани иду ҷашнҳоро таъкид карда, дар ин бора омода кардани маводро супориш медоданд. Ба утоқи котибот даромада, аз котиби масъул Ӯктам Иброҳимов каму бешии саҳифаҳоро мепурсиданд.
Нор Остонзода дар тарбияи ман ҳам дил хун кардаанд. Борҳо медидем аз маҷисҳо ё тадбире омада, дар хонаи котиба қадамзанон ба факту рақамҳо нигоҳ карда, якбора хабар ё мақолаи навбатиро дикта мекарданд ва котиба Лола Раҳимова дар мошинкаи чопӣ тез-тез онро мечид. Мақола дар як дам тайёр мешуд.
Дар шумораҳои гуногуни рӯзнома якчанд ҳикоя бо номи Ақиқӣ чоп шуд.
— Ҳамин Ақиқӣ кӣ бошад? — рӯзе пурсиданд Мирсафо Камолӣ ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ. — Ҳикояҳои хонданибоб менависад.
— Ягон эҷодкоре аз вилояти дигар будагист, ки мо намешиносем, — гуфтанд Раҳматулло Шарифзода.
— Э, бародарон, наход надонед?! — эрод гирифтанд Акбар Пирӯзӣ. — О, ин тахаллуси дигари Норқулака.
— Э-э-э, сармуҳаррири худамон? — гӯё вуҷудашонро ҳаяҷон зер карда бошад, нидо карданд Мирсафо Камолӣ. — Ақиқӣ, тахаллуси зӯр ёфтаанд, ҷарангдор.
— Ҳангоми мутолиа, агар эътибор дода бошед, — афзуданд Акбар Пирӯзӣ, — дар ҳикоя на танҳо кӣ чӣ гуфт ва ба кадом тарз гуфт, балки он одам чӣ хел либос пӯшида буд, манзараи табиат, вазъи обу ҳаво чӣ хел аст, дар офаридани портрети қаҳрамонҳо аҳмияти махсус додаанд. Сабаби комёбии эҷодии Нор Остонзода қабл аз ҳама дар он аст, ки он кас пайваста ҷустуҷӯ, мутолиа ва масъулиятро эҳсос мекунанд.
— Ягон маҷмӯаи ҳикояҳоро чоп карда бошанд? — пурсид Тоҳир Ғаффоров. — Гирифта мехондем.
— Не, ҳоло дар шакли китоб нашр накардаанд, — ҷавоб доданд Акбарака.
…Вале афсӯс, ки устод дар зиндагӣ рӯйи китоби худро надиданд. Пас аз як соли вафоти муаллим — соли 2008 фарзандон ҳикояҳои он касро таҳти унвони «Дунёи қуръагардон» дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардониданд.
Муаллим ҳаргиз худро аз дигарон калон намегирифтанд. Якҷоя бо мо ба хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ мерафтанд.
Мисли дигарон дар навбат истода болои лайлӣ хӯрокро худашон гирифта омада, ба паси миз менишастанд. Баъзан аз саргузашти худ воқеаҳои шавқангезро бо ҳазлу мутоиба нақл мекарданд. Рӯзе назди муаллим меҳмонҳо буданд. Мо он касро интизор нашуда, ба ошхонаи Маҳматқулака рафтем. Баъди даҳ дақиқа расида омаданд.
— Акбар, Раҳим, Азимзода, о шумо маро партофта омадед-ку?! Шарикӣ ин хел намешавад. Бо шумо ба разведка рафтан хатарнок будааст, — гуфтанд мутоибаомез.
Соли 1994 падарам сахт бемор шуданд. Баъди табобат кор карданашон мумкин набуд. Ман ҳамчун писари калонии хонавода барои таъмини маишати рӯзгор аз хоҷагии ҷамоатии «Мароқанд» як гектар ток гирифтам. Панҷ рӯз дар таҳририят ва рӯзҳои шанбеву якшанбе дар токзор кор мекардам. Барои аз кор рафтан ариза навишта, назди муаллим даромадам.
— Ие, акнун қаламатон тезу дастатон рост шуд, ман кадри тайёрро ҷавоб намедиҳам, — гуфтанд.
— Муаллим шароит вазнин аз ноилоҷӣ меравам, — гуфтам.
— Рӯзи коратонро ним штат мекунем. Дар рӯзҳои нашри рӯзнома биёед мешавад. Дигар вақт беҳбудии зиндагиатонро бинед.
Боз қариб як сол дар идораи рӯзнома кор кардам. Бо истодагарии ман соли 1995 ба аризаи ман имзо намонда, муваққатан ҷавоб доданд. Дафтарчаи меҳнатиамро ҳам надоданд, ки «ягон вақт боз ба кор меоед».
Мо дар ҳаёти худ бо бисёр шахсон вомехӯрем. Яке бо одамгариву накӯкорӣ дар дил нақш мегузорад. Дигаре чун наҷми паррон дар як лаҳза аз хотирҳо фаромӯш мешавад. Чеҳраи гарму самимӣ, дили поку беғаш, рафтору гуфтори муаллими бомаърифату дурандешро боз ба ёд овардем. Устод ба парваришу дастгирии навқаламон ҳиссаи калон ҳамроҳ намуданд. Ҳамчу шамъ сӯхта муҳити адабии Самарқанд ва роҳи бисёр қаламбадастонро равшан карданд.
Комил ҶӮРАЗОДА
