Дар маҷмааи “Шаҳри абадӣ”-и Маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи абрешим” форуми “Мулоқот дар Роҳи абрешим” баргузор шуд.
Дар он дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ва раиси Алянси ҷаҳонии сайёҳӣ Чжан Сйой, раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Умид Шодиев, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ва намояндагони созмонҳои мухталифи байналмилалӣ ширкат доштанд.
Роҳбари вилоят қайд кард, ки анҷумани «Мулоқот дар Роҳи абрешим» ҳамчун минбари муҳими муколама оид ба имконияту дурнамо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли соҳаи сайёҳӣ хизмат мекунад.
— Мақсади умумии мо он аст, ки сайёҳӣ ба соҳае табдил ёбад, ки на танҳо фоидаи иқтисодӣ орад, балки халқҳои ҷаҳонро ба ҳам наздик ва ба сулҳу субот хидмат мекунад, — гуфт Адиз Бобоев. — Тасодуфӣ нест, ки форум дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор мегардад. Солҳои охир дар ин ҷо барои рушди сайёҳӣ корҳои бузург анҷом дода шуданд. Шумораи сайёҳон ба вилоят зиёд шуд. Ин ба боз ҳам баланд шудани обрӯи Самарқанд ҳамчун шаҳри осоишта ва ба сайёҳӣ мувофиқ хидмат мекунад.
Дар чорабинӣ роҷеъ ба дурнамои соҳаи сайёҳӣ, рушди он ва масъалаҳои ҳамкорӣ маърӯзаҳо карда шуданд.
