Ovozi.uz

Ҳap хел гапҳоро нагӯед

Маҷлиси идора тӯл кашид. Дертар ҳама ба ошхона даромадем. Дар ошхона ҳам, гӯё давоми ҷамъомад бошад, ҳар кас ҳар чиз мегуфт вa ғaлоғула идома дошт. Ҳамин вақт котибаи идора Мавлуда Шарифова ҳазломез ба телефони дастиаш ишора карда гуфт:

— Гап задан гиред. Ҳамаашро ман навишта истодаам!

Якбора ҳама ба даҳон мӯҳри хомӯшӣ заданд. Ошхона об задагӣ барин ҷим-ҷит шуд. Ғайр аз садои гирифтану гузоштани зарфҳо ва ба косаву табақчаҳо бархӯрдани чумчаву чангак дигар овозе ба гӯш намерасид.

Пас аз он мо ба ошхона дароем, аввал ба телефони Мавлуда шубҳаангез менигаристем ва маънидор механдидем.

Чандин солҳо пеш, дар вақти роҳбарии Ғафур Маҳмудов ҳам чунин як воқеае рӯй дода будааст.

Кормандон ба тӯйи кадоме аз ходимон рафтаанд. Вале худи муҳаррир не. Ба ҳама аён аст, ки одамон азмуҳити корӣ дуртар раванд, боз маъракаи хурсандӣ бошаду роҳбар не, худро озод ҳис карда, лаҷоми даҳонро сар медиҳанд. Аз афт, саҳл гапҳои аз меъёр берун шудааст, ки як мухбири ҷавони рӯзнома, ки навкору соддафеъл будааст, ба иҳотаи ҳамкорон омада гуфтааст:

— Рафиқон, дар пеши ман ҳар хел гапҳоро гуфтан нагиред. Ба ман шеф супориш додаанд, ки ҳар кору гапе шавад, рафта ба кас расонам.

Ҳама ҷим-ҷит шуда, зуд мавзӯи сӯҳбатро дигар кардаанд.

Бахтиёри ҶУМЪА

©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»