Ovozi.uz

Осорхонаи Юнусзода

Бисту панҷ сол пеш ба ин дара ду маротиба омадаам. Он вақтҳо чун имрӯза ободу зебо набуд. Ҳоло ду тарафи сойро аз сангҳо тоза карда, боғҳо ва майдони киштзор барпо намудаанд. Пештар роҳи мошингард ҳам нағз набуд. Аз тирезаи сабукрав ин манзараи зебои табиатро тамошокунон дили бинанда кушода мешавад. Як мавзеи зебо, ки дар атрофаш дарахтони бузург соя андохтаанд ва барои бозии бачаҳо саҳни васеъ дошт, ба мо маъқул омад. Барои гирифтани рухсат аз соҳиби боғ бо додарам аз сабукрав фаромада, ба тарафи хонаи бо сангу хишти пухта сохташуда, рафтем.

— Ака, ин мардакро бинед, дар кӯҳ ҳам галстук баста гаштааст, — гуфт додарам бо тааҷҷуб.

— Ассалому алейкум! — бародари худамон, эҷодкор Толиб Юнусзодаи Ревдодиро дида хушҳол шудам.Баъди салому ҳолпурсии муқаррарӣ бо Толибака ба мақсад гузаштем.

— Ҷой бисёр, дар зери чор тути калон суфа сохтем, дар лаби сой, назди об таги дарахтони бед шинед ҳам мешавад, — гуфтанд Толибака. — Ҳар рӯз якчанд оилаҳо омада истироҳат карда мераванд.

Додарам назди мошинҳо рафт. Дере нагузашта садои бозиву шодии бачаҳо баланд баромад. Мо бо соҳиби боғ назди оби равон, таги дарахти тути балхӣ, палосу кӯрпача партофта нишастем. Толиб Юнусзода ҳамчун хабарнигори фаъол аз зиндагии мардуми заҳматдӯст, инсонҳои некдилу худогоҳи вилояти Самарқанд хабару мақола навишта, ба таҳририятҳо ирсол мекунад.

— Ин ҷо эҷодхонаи ман, — гуфтанд Юнусзода.

— Ҷойи зӯр будааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои оиди ин боғ навиштаатонро хонда будам.

Ҳамин вақт ду сабукрав омада қарор гирифт. Юнусзода ба истиқболи меҳмонон рафтанд. Ман шинову бозии моҳичаҳои зери обро тамошокунон осорхонаи муаллимро пеши назар овардам…

Соли гузашта бо мошини дӯстам Файзулло Нарзуллоев аз кӯчаи муаллим мегузаштем:

— Кор охир надорад, — гуфт Файзулло, — устодро як дида гузарем.

Дарвозаро худи Толибака кушода, ба даромадан даъват карданд. Диққати маро манзараи гулҳои шукуфони рӯйи ҳавлӣ, дарахтони ҳархелаи сарсабз ва кашидаву зардеворӣ, болинпӯшу яккабанди гуногунҳаҷму ҳаррангаи овехта ҷалб намуд. Якчанд кӯзаҳои қадимаи калону хурд, лайлиҳои чоркунҷаву доирашакл, сабадчаву нонбардорҳои аз химчаҳо сохташуда, сандуқчаи зеборо ботартиб ба намоиш гузоштаанд.

— Ин ҳамон сандуқе, ки шодравон Шавкат Баҳромов таҳрир нею таъмир кардаанд? — пурсидам аз соҳиби ҳавлӣ.

— Айнан ҳамон, — табассумкунон ҷавоб доданд Толибака. — Мақола дар ёдатон будааст.

Бо мурооти Юнусзода ба хонаи на он қадар калон, тахминан 15 метри мукааб даромадем. Даромадему ҳайратам афзуд. Се тарафи онро экспонатҳои дар рафҳо ба тартиб гузошташуда оро медоданд. Назди дар ва дар пешгаҳи хона якчанд шкафи баланду дар он ба се забон — тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ китобҳои солҳои гуногуни асрҳои гузашта ва имрӯза чопгардида чида шуда буданд.

Хонаро ҳамчунин расму суратҳои соҳибхона, ки дар вохӯрӣ бо чеҳраҳои машҳур, бо иштирокчиёни фестивали «Таронаҳои Шарқ» аккосӣ шудаанд, зеб мебахшиданд. Дар девор асо, ҷомаву салла ва либосҳои падар — Субҳонбобо ва модари меҳрубон Тӯхтабибӣ, дастархону чумчамонаки малафагин, ки Тӯхтабибӣ бо дасти худ дӯхтааст, ҷомаҳои беқасаб, куртаҳои адрас, тоқиҳои гулдӯзии арӯсонро, ки зиёда аз 50-сола аст, пеши назар овехта мондаанд. Ба фикрам, на ҳама ба либосҳои волидон баъди сари онҳо чунин эътибори махсус медиҳанд. Онсӯтар ашёи ҳунармандӣ меистоданд. Бисёри онҳоро устод шахсан худашон аз кӯҳҳои дараи морон (Илонсой) ёфтаанд, ҳатто асбобҳои даври биринҷӣ низ ҳастанд.

Дар осорхона аз асбобҳои мусиқӣ тору доира, аккордеону гитара ҳам буданд. Устод гитараро навохта, ғазали Хоҷа Ҳофиз «Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро»-ро сароиданд…

— Пештар аз ин сой оби бисёре ҷорӣ мешуд, — овози марғулаи Толиб муаллим, ки ба наздам бармегаштанд, маро аз олами хаёлот берун кард. — Ин сангҳову дарахтон шоҳиди бисёр воқеаву ҳодисаҳо шудаанд. Сукути ин кӯҳсорро дида одам ба андеша меравад.

Мо ҳам каме сукут карда, ба гирду атроф назар андохтем. Пас аз чанде чашмам ба сару либоси устод афтод.

— Толиббобо, аз маъракае рост ҳамин ҷо омадед? Куртаву шими сафеди навро ба чиркбардораш иваз накардед?

— Ман ҳамеша либоси сафед мепӯшам, зеро дили сафеду нияти пок дорам, — гӯён хандиданд.

— Ба дилатон малол наояд, аксар вақт бо гарданбанди сурх мебинам ва аз чандсолагӣ риш мондед?

— Хайрият, ки муфаттиш набудед. Ҳама чизро донистан мехоҳед-е, — табассуми малеҳ намуданд Толиб муаллим. — Ин вобаста ба сафи пионерон дохил шудани ман аст. Таърихи дароз дорад. Дар вақти мактабхониям тамоми донишомӯзони мактаб саф ороста, маро ба сафи пионерон ботантана қабул кардаанд. Аз ҳамон вақт галстуки сурх бароям қадрнок. Аз овони ҷавони риш мондам, ки ба бисёр моҷароҳо сабаб шуд. Роҳбари синфамон як сӯм медод, ки рафта ришамро гирам. Ман самбӯсаву чой хӯрда омада мегуфтам, ки «муаллим, сартарошхона маҳкам». Вақти омӯзгориям директори мактаб, устод Насрулло Убайдӣ аз роҳбарони ҳамонвақтаи ноҳия огоҳӣ гирифтанд. Ҳаҷвияи «Моҷарои риш»-ро нахондаед? Хезед! — фармон доданд муаллим. — Ба шумо даҳ чашмаи Ғоибназарро нишон медиҳам.

Мо болои сангҳои калони даруни об пой монда, он тарафи сой гузаштем. Дар таги дарахти беди калон чашмаи обаш соф ҷорӣ буд. Ҳамсуҳбатам дар бораи чашма бо хеле таърифу тасвир маълумоти муфассал доданд. Аз оби чашмаҳо нӯшидем, ширину болаззат буд.

— Бобо, ба хона меравем, гардед будааст, — гӯён набераҳоям Амиршоҳу Давлатшоҳ омаданд. «Суҳбат боқӣ!» гӯён бо муаллим хайру хуш кардем.Толиб Юнусзодаро бисёр солҳо боз шиносам ҳам, ягон маротиба бафурсат чун имрӯза аз таҳти дил суҳбат накардаем. Як шахси некдилу меҳрубон, ҳалиму хоксор, инсондӯст, хуштабъу суҳбаторо будаанд. Накҳати гулҳои худрӯйи баҳорӣ, талу теппаю адир, чашмаи сероб, кӯҳҳои сарбаланди Илонсой ба Толиб­ака илҳом бахшид, ки дар васфи ин макони кӯҳнабунёд ва дар васфи Ӯзбекистони маҳбубамон шеъру ғазал гӯяд. Ӯ даъвои шоирӣ надорад, ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва обу хоки сарзамини бостонӣ боло гирифт, ки соли 2006 нахустин маҷмӯаи худро таҳти унвони «Оҳанги зиндагӣ» нашр кард. Илҳоми эҷодӣ ӯро ором нагузошт ва соли 2021 китоби дуюминашро бо номи «Толиби зиндагӣ» дастраси мухлисон гардонид. Айни замон дар ҳалқаи панҷ нафар фарзандон ва зиёда аз 35 нафар набераву аберагон бо ҳамсари меҳрубон, ҳоҷиоя Моҳира Раҳматова даврони пирӣ меронад ва пайваста ба эҷоди ашъори навин машғул аст. Ба муаллими эҷодкор тансиҳативу хонаободӣ ва илҳоми эҷодӣ таманно дорем.

Комил ҶӮРАЗОДА