Дар Милан Форуми байниминтақавии Ломбардия — Самарқанд баргузор гардид. Дар он Адиз Бобоев, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд ва Аттилио Фонтана, президенти минтақаи Ломбардия низ бо соҳибкорони ду вилоят иштирок намуданд.
Роҳбари вилоят зимни суханронӣ дар форум қайд кард, ки созишномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Самарқанд ва Ломбардия, ки дар ҷараёни сафари ҳайати Ломбардия ба вилояти Самарқанд ба имзо расид, дар рушди муносибатҳои дӯстонаи байни минтақаҳои мо саҳифаи нав кушод.
— Барои минбаъд ҳам фаъолона инкишоф додани ҳамкории байниминтақавӣ имкониятҳои калон мавҷуданд, — гуфт Адиз Бобоев.
Роҳбари вилоят ба иштирокчиёни форум аз иқтидори сармоягузории вилояти Самарқанд, инфрасохтори барои рушди соҳибкорӣ муҳайё шуда маълумот дод ва қайд кард, ки вилоят дар қисмати марказии кишвар – дар чорроҳаи муҳими роҳҳои нақлиётию логистикӣ ҷойгир аст. Аз ин минтақа шоҳроҳҳои калон ва ҳаракати роҳҳои оҳан мегузаранд, ки дар низоми тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамлу нақли бор аҳамияти калон дорад.
Инчунин, А.Бобоев барои рушди минбаъдаи муносибатҳои минтақаҳои ду кишвар як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт. Ба гуфтаи ӯ, маълум шуд, ки дар ноҳияи Булунғур барои соҳибкорони Ломбардия дар майдони 60,0 гектар бо тамоми шароити инфрасохторӣ минтақаи алоҳидаи саноатӣ ташкил кардан ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо дар бисёр соҳаҳо, аз қабили машинасозӣ, электротехника, химия ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ лоиҳаҳои баландтехнологиро якҷоя амалӣ кардан мумкин аст. Ҳамчунин дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика ва маркази бисёрсоҳаи ҳамлу нақли бор ва дар бисёр соҳаҳои дигар пешниҳодҳо дода шуданд.
— Мо мақсад дорем, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, муносибатҳоро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт инкишоф диҳем, инчунин созишҳои навро ба даст оварем, — гуфт роҳбари вилоят.
Дар форуми мазкур ҳудуди 50 нафар соҳибкорони вилояти Самарқанд низ ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии вохӯриҳо роҳандозии ҳамкории наздик бо ширкатҳои итолиёвӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мутақобилан судманд буд.
Дар навбати худ, ҷониби Ломбардия низ ба татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Самарқанд ва ҳамкории фаъол бо соҳибкорон ҳавасмандӣ изҳор намуд.
