Ovozi.uz

Аксияи «Об маънои ҳаёт аст!»

Дар “Боғи истироҳатии ҷавонон”-и шаҳри Самарқанд бо ташаббуси филиали вилоятии Фонди ҷамъиятии дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Олий Маҷлис, филиали вилоятии ҷамъияти саҳҳомии «Samarqand suv ta’minoti» ва шуъбаи вилоятии ҳаракати «Yuksalish» аксияи «Об маънои ҳаёт аст!» баргузор гардид.

Дар доираи аксияи мазкур чорабиниҳои таблиғотӣ, ки ба баланд бардоштани фарҳанги мардум дар истифодаи об ва тоза нигоҳ доштани он нигаронида шудаанд, гузаронида шуда, ба иштирокчиён зиёда аз 100 адад китобу маҷаллаҳои гуногуни бадеӣ тақсим гардид.

Аксияи «Об маънои ҳаёт аст!» на танҳо дар Самарқанд, балки дар 8 ноҳияи вилоят низ гузаронида шуд. Ба ин чорабиниҳо 11 ҳазор нафар шаҳрвандони ихтиёрӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ин аксия 55 корхонаи хусусӣ таҳти назорат (мониторинг) қарор гирифт. Роҷеъ ба бартараф намудани муаммоҳое, ки дар давоми аксия муайян карда шуданд, чорабиниҳои тарғиботӣ идома меёбад.