Устод Асадуллоҳ Шукуров дар вақтҳои ба «Мактаби маҳорат»-и журналистӣ иштирок кардани мо ҳам ҷонишини муҳаррири рӯзнома буданд ва ҳам ба мо хонандагони мактаб роҳбарӣ менамуданд. Бисёр вақт хабару мақола, ҳикояву шеърҳои аз тарафи мо нависташударо дар рӯзнома нашр намекарданд. Камбудиҳояшро гуфта, аз нав кор карданамонро таъкид мекарданд. Баъзан вақтҳо хабару мақолаҳои моро тамоман дигар карда, ба рӯзнома чоп мекарданд. Дар чунин вақтҳо барои дилгир нашудани мо «Шумоён аз ин гуфтаҳои мо хафа нашавед. Журналист бояд чунин бошад, ки аз даҳ мақолааш ҳеҷ набошад яктоаш нашр шавад ҳам, хурсанд шавад. Мо шумоёнро аз дар ронем, мақолаҳоятонро дуруст карда, аз тиреза биёед» гуфта, бо табассум ба мо мефаҳмониданд.
Мо ҳам ба гуфтаҳои устод Асадуллоҳ Шукуров амал карда, гаштаву баргашта менавиштем. Ҳатто пеш аз хатми мактаби маҳорат бо таклифи устодон ба нашри рӯзномаи махсуси худ бо номи «Истиқбол» камар бастем. Таҳрири мақолаҳо ва ҳатто саҳифабандии рӯзномаро ба зиммаи худи мо гузоштанд. Ҳамон вақт хеле мушкил будани рӯзноманигориро боз хубтар дарк намудем.
Имрӯзҳо низ вақте, ки дар кор ё ҳаёти шахсӣ муаммоҳо пайдо шавад, ба қавли устод Асадуллоҳ Шукуров аз дар ронанд, аз тиреза медароем.
Маликаи БАХТИЁР
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
