Ovozi.uz

Тӯҳфаи Самарқанд ба иди Истиқлолият

Барои ватан, барои миллат, барои халқ

Воқеан, истиқлолият саодату неъмати бебаҳои мост. Ба шарофати истиқлолият Ватани азизи мо сол то сол тараққӣ меёбад. Пешравиҳову рушди мамлакатамонро дар ҳамаи соҳаҳо бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Дар мақолаи мазкур мо ин тағйирот ва пешравиҳоро, ки хусусан солҳои охир амалӣ мешаванд, дар мисоли вилояти Самарқанд баррасӣ менамоем.

Қарори илҳомбахш
Чанде пеш қарори Президентамон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сиючаҳорумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» эълон гардид.
Дар қарор қайд шудааст, ки истиқлолияти миллии мо, ки 31‑уми августи соли 1991 ба шарофати ирода ва қатъияти халқи ҷасурамон эълон гардида буд, бидуни шубҳа дар шароити кунунии таърихӣ, ҳангоме ки тамоми ислоҳоти мо дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ба давраи ҳалкунанда ворид мегарданд, аҳамияти бағоят муҳим касб менамояд. Маҳз истиқлолият, ки дар худ тамоми кафолатҳои сиёсиву ҳуқуқиро таҷассум намудааст, барои ба сифати такягоҳи мустаҳкам дар ҷомеа татбиқсозии Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030», мустаҳкам намудани муҳити сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва ҳамдилӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиат, шаъну шарафи инсон, рушди минбаъдаи робитаҳои некҳамсоягӣ дар минтақа, ҳамкории фаъол бо кишварҳои ҷаҳон, боло бурдани нуфузи Ватани мо дар миқёси байналхалқӣ хидмат мекунад…


Ҳар як калима ва ҷумлаи қарори мазкур на танҳо роҳнамои чорабиниҳои асосии мо, сазовор ва дар сатҳи олӣ таҷлил намудани санаи пуршарафи 34‑умин солгарди истиқлолият, инчунин дарки моҳияту мазмун ва мундариҷаи иди бузург ва азизу муқаддас аст.

«Дарвозаи ҳавоӣ»
Соли 2019 роҳбари давлатамон ба Самарқанд ташриф фармуда, ба меъморону лоиҳакашҳо супориш дод, ки «дарвозаи ҳавоӣ»-и шаҳри бостонӣ мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ аз нав сохта шавад. Бо таклифи Президентамон фурудгоҳи нав дар шакли асари мунаҷҷим Мирзо Улуғбек «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ» бунёд гардид. Баландии бино 25 ва бараш 175 метр буда, терминали замонавӣ, роҳи нишасту парвози ҳавопаймо ва 24 қароргоҳ дорад.


Қаблан фурудгоҳ ба 400 нафар мусофир хизмат мекард, ҳоло ин рақам ба ду маротиба афзудааст. Фурудгоҳ дар соли 2024 ба 1,40 миллион нафар мусофир хизмат расонд, ки нисбат ба соли 2023 37 дарсад зиёд мебошад. Аз Самарқанд самолётҳои гуногунтамға ба қитъаҳои Аврупо, Африқо, мамлакатҳои Араб ва ғайра парвоз доранд.


Истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд низ баъди таъмиру тармим намуди дигар гирифт. Аксарияти сайёҳону меҳмонон бо поезд меоянду мераванд. На танҳо дар маркази шаҳр, инчунин дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ» 8‑то меҳмонхонаи замонавӣ, конгресс-холл, рес­торану ошхонаҳо, устохонаҳои кулолӣ, заргарӣ, гилембофӣ, коғазбарорӣ, дуредгарӣ, ганҷкорӣ дар хизмати меҳмонону мизбонон аст. Аз соли 2022 дар конгресс-холл анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ баргузор мешаванд ва имсол дар ин ҷо сессияи 43‑юми Ассамблеяи ЮНЕСКО хоҳад гузашт.

Кумаки беғаразона
Соли гузашта Бонки тараққиёти Абудабӣ барои таъмиру тармим ва ҳаракати нақлиёту пиёдагардҳо дар кӯчаҳои Самарқанд, 300 миллион доллар кредит дода буд. Дар натиҷа, дар чорраҳаи Гагарин ва Мирзо Улуғбек туннел — роҳи зеризаминии дарозиаш 440 ва бараш 44 метр бунёд шуд. Ҳоло чунин туннел дар чорраҳаи Гагарин — Рӯдакӣ идома дорад. соли 2022 дар чорраҳаи Бӯстонсарой ва Рӯдакӣ низ чунин иншоот бунёд шуд, ки ба самарқандиён як олам хурсандӣ овард. Пайраҳаи пиёдагарду велосипедронӣ бошад, ҷавобгӯи андозаи байналхалқӣ аст.


Сарвари давлатамон ҳар гоҳ ба Самарқанд ташриф оваранд, албатта, Маҷмӯаи Имом Бухориро зиёрат мекунанд ва бо корҳои ободонӣ аз наздик шинос мешаванд. Ҳоло бо ташаббуси Президентамон дар 600 метри мураббаъ корҳои сохтмон дар авҷ аст. Баландии мақбараи Имом Бухорӣ 28 метр қад хоҳад афрохт. Бунёди масҷиди ҷомеъ барои 10 ҳазор нафар намозхон, манораи баландиаш 75 метр, хиёбон, меҳмонхона, хонаҳои истиқоматӣ, дӯконҳои савдо, роҳҳои равону васеъ ба ҳама хурсандӣ меоварад.


Имрӯзҳо ба муносибати ҷашни сиючаҳорумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар 14 ноҳия, 2 шаҳр, 1901 деҳа ва 1126 маҳаллаҳои вилоят корҳои ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои гуногун дар авҷ буда, 4,5 миллион нафар аҳолии сермиллати Самарқанд ҳамчун фарзандони як оила дӯсту меҳрубон, бо ғайрату шуҷоат зери шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» зиндагӣ мекунанд.

Ба Ургут поезд меояд
Соли 2017 бо фармони Сарвари давлатамон Ургут ба минтақаи озоди иқтисодӣ табдил ёфт. Дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи инвеститсия бо арзиши беш аз 400 миллион доллар амалӣ гашт. Қариб 5 ҳазор нафар бо кор таъмин шуданд. Имрӯзҳо дар ин минтақа истеҳсоли маҳсулотҳои чарму пойафзол, қолину воситаҳои электрикӣ, хуллас беш аз 200 маҳсулотҳои зарурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ки як қисми он ба экспорт меравад. Имрӯзҳо дар майдони беш аз 1,5 ҳазор гектар 162 лоиҳаи арзиши умумиашон 1540,6 миллион доллар амалӣ мегарданд, ки аз рӯи нақша боз қариб 13 ҳазор нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Чуноне, ки рӯзномаи мо хабар дода буд, сохтмони роҳи оҳани дарозиаш 54,5 километ­раи «Самарқанд — Ургут» қариб ба поён мерасад. Чанд рӯз роҳбари вилоят Адиз Бобоев бо сохтмончиён сӯҳбат карда, барои боз ҳам беҳтару хубтар шудани шароити кор кӯмак дод. Умед аст, ки дар арафаи ҷашни 34‑умин солгарди истиқлолият ба Ургут нахустин поезд меояд. Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ, поезд ҳар рӯз ба 6 ҳазор мусофир хизмати беминнат мерасонад.


— Дар Мерганча — ҳама шербача, — гуфт дӯсти ҳамқалами мо, собиқадори матбуот ва таълими халқӣ Ҳусниддини Файёз. — Яке аз онҳо соҳибкор Анвар Темиров аст, ки танҳо худаш дар 5 гектар майдон маҷмӯаи аҷоиб бунёд мекунад. Сохтмони бинои мактаб барои 300 нафар донишомӯз, кӯдакистон барои 200 нафар писаракону духтаракон, поли­клиникаи оилавӣ, иншоотҳои истиқоматӣ, савдо, хизматрасонӣ дар авҷ аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон