Дар маҳаллаи Ушоти ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро хона-музей нони миллии ӯзбек кушода шуд.
Мувофиқи хабари Агентии иттилоотии Podrobno.uz ин лоиҳа бо мақсади дар байни сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ васеъ тарғиб кардани анъанаҳои нонпазии миллӣ ва меҳмондӯстии халқи Ӯзбекистон амалӣ гадонида шудааст.
Дар стендҳое, ки дар осорхона овехта шудаанд, аз кишту парвариши гандум, дарави ҳосил, орд кардани гандум, тайёр кардани хамир ва то пухтани нон дар танӯр нақл мекунанд.
Дар ин маҳалла боз 20 манзилҳои истикоматй таъмиру азнавсозӣ карда шуда, барои қабули сайёҳон мувофиқ гардонда шудад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан нони Самарқанд ба феҳристи давлатии нишондодҳои ҷуғрофии Ӯзбекистон ворид карда шуда буд.
