Сармураббии дастаи «Реал Мадрид» Хаби Алонсо шарҳ дод, ки чаро вингери бразилиягӣ Родриго Гоэс дар бозии даври 1-уми Ла Лигаи Испания бо «Осасуна» ба майдон наомад.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи «Шоҳона» (Реал Мадрид) анҷом ёфт.
«Родриго имрӯз бозӣ накард ва ин қарори ман буд. Ин ҳамагӣ як бозӣ аст ва набояд аз рӯи он ҳукм кард. Родриго дар нақшаҳои ман ҳаст», — гуфтааст Алонсо.
Ёдовар мешавем, ки дар рафти бозӣ, мутахассиси испанӣ чор тағйирот анҷом дод: аввал ба ҷои Трент Александер-Арнолд ва Браим Диас, Даниэл Карвахал ва Франко Мастантуоно ба майдон омаданд, баъдан Винисиус Жуниорро Гонсало Торрес иваз кард ва дар охири бозӣ Даниэл Себалос пайдо шуд ва Арда Гюлер ба нимкати захиравӣ рафт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Родриго метавонад «Реал»-ро тарк кунад. Ба ин вингер чанд бошгоҳи Премер-лигаи Англия таваҷҷуҳ доранд.
