Ovozi.uz

Лубиё

Лубиё — ин зироати маълум ва машҳур аст, ки дар шароити Осиёи Марказӣ хуб ҳосил медиҳад. Тухми он ҳамчун масолеҳи ош ва инчунин дар тиб низ истифода мешавад. Навъҳои сурх ва сафед дорад. Мизоҷи навъи сурхаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст, вале мизоҷи сафеди он дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад.


Хислатҳои шифобахши лӯбиё: хӯрданаш боднок, дерҳазм, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад (хусусан аз сафедаш бештар), узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, шир пайдо менамояд, баданро фарбеҳ месозад, пешобро равон менамояд.


Дар тиб лӯбиё кайҳо боз дар бемориҳои гуногун истифода бурда мешавад. Ибн Сино дар вақти табобат ловияро ҳам бисёр истифода бурдааст. Ба гуфти ӯ лӯбиё дар бемориҳои сина ва шуш муфид, аммо ҳазмаш душвор аст. Дамламаи аз пӯчоқаш тайёршуда ба бемориҳои бод, фишорбаландӣ, санги пешоб давост. Парҳези аз лӯбиё тайёршударо дар артрити музмини ревматоидӣ, подагра, илтиҳоби гурдаҳо ва масона, сангҳои пешоб ва чарбии ҷигар истифода мебаранд. Лӯбиё ҷудо шудани шираи меъдаро зиёд мекунад. Дар тибби халқӣ орди аз тухми лӯбиё тайёршуда захмҳо, экзема ва сӯхтаҳоро табобат мекунанд.


Истифодаи лӯбиё дар диабети қанд аҳамияти бузург дорад. Дамламаи аз пӯсти мева тайёркарда миқдори қандро дар хун кам мекунад. Зидди диабети қанд таъсири лӯбиё бо мавҷудияти флавоноидҳо, изофлавонҳо ва кумаринҳо алоқаманд аст. Лӯбиё миқдори зиёди намакҳои калий дорад. Бинобар ин, барои хориҷ шудани моеъи амниотикӣ дар организм кӯмак медиҳад ва кори дилро осон мекунад. Аз ин рӯ, барои ҷамъ шудани моеъ дар организм аз пӯчоғи лӯбиё чой нӯшидан тавсия карда мешавад. Ин воситаҳо барои касалиҳои дил ва гурда фоиданок аст. Лектинҳо аз тухмии баъзе навъҳои лӯбиёҳо фитогемагглютининҳои ҷудошуда мебошанд. Ин пайвастагиҳо дар иммунитети инсон ба бемориҳои сироятӣ нақши муҳим доранд. Тасдиқ шудааст, ки лектинҳоро дар муолиҷаҳои баъзе намудҳои бемориҳои саратон ва дигар бемориҳо истифода бурдан мумкин аст.