Ovozi.uz

Суғуртаи давлатии тиббӣ

Дар поликилиникаи марказии шаҳри Самарқанд роҷеъ ба ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ семинар ташкил гардид. Дар он кормандони соҳаи тиб, табибу ҳамшира, ходимони поликилиникаҳои оилавию пунктҳои тиббӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ ҷонишини мудири шуъбаи методологияи Хазинаи суғуртаи давлатии тиббии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Моҳира Эргашева баромад карда, оиди барномаи давлатии суғуртаи тиббӣ маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки мақсади асосии суғуртаи давлатӣ ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббии кафолатноки ройгон нигаронида шудааст.

Дар рафти семинар саволу ҷавобҳо низ авҷ гирифт. Ба онҳо мутахассисони Хазинаи суғуртаи давлатии тиббӣ ҷавоб гардонданд.