Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд маросими супоридани орден ва медалҳои олӣ, ки тибқи фармонҳои дахлдори Сарвари давлатамон ба муносибати ҷашни сиючорумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон ба як гурӯҳ ҳамватанонамон дода мешаванд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Адиз Бобоев ба 17 нафар намояндагони соҳаҳои гуногун, ки соҳиби ҷоизаҳои давлатӣ гардидаанд, унвонҳо, ордену медалҳоро бо тантана супурд.
Дар навбати худ, онҳое ки аз номи ҷоизадорон ба сухан баромаданд, барои қадрдонӣ ва таваҷҷуҳи баланд изҳори сипос намуданд.
