Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ӯзбекистон Валид Фук баргузор гардид. Мулоқот дар фазои эҳтироми мутақобила, густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва манфиатдор гузашт.
Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои ду кишварро пас аз сафари Президенти Фаронса ба Ӯзбекистон қайд карданд. Аҳамияти татбиқи созишҳои ҳосилшуда ва пур кардани шарикии стратегӣ бо мазмуни мушаххас таъкид гардид.
Дар рафти гуфтушунид дурнамои густариши ҳамкорӣ дар як қатор бахшҳои муҳим муфассал баррасӣ шуд. Ба соҳаи таълим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имкони татбиқи барномаҳои муштарак ва табодули таҷриба низ баррасӣ гардид. Масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори муосири шаҳрҳо, аз ҷумла, шабакаҳои трамвай низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои ояндадор дар соҳаи кишоварзӣ низ таъкид карда шуд. Имкониятҳои ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи фаронсавӣ дар соҳаи кишоварзии минтақа ва содироти маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон ба бозори Аврупо баррасӣ гардиданд.
Дар рӯзномаи мулоқот, ичунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи барқарорсозии мероси таърихию фарҳангӣ қайд карда шуданд. Валид Фук омодагии ҷониби Фаронсаро барои мусоидат дар ҳифз ва барқарорсозии ёдгориҳои нодири меъмории воқеъ дар минтақа таъкид кард.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба мувофиқа расиданд.
