Дар Театри драмаи мусиқии вилоят ба муносибати 15-уми апрел – Рӯзи кормандони маданият ва санъат чорабинӣ ташкил гардид.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов кормандони соҳаро бо ҷашни касбӣ табрик кард, ба эҷодкорони фаъол ташаккурнома ва тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоятро супурд.
– Чил сол боз дар соҳаи театр ва санъат кор мекунам, — гуфт сарвари шӯъбаи маданияти шаҳри Самарқанд Рита Маҳмудова. – Солҳои охир эътибор ба соҳаи фарҳангу санъат афзуд. Аз ҷумла, пойгоҳи моддиву техникии марказҳои маданият ва санъат беҳтар гардид, бо мақсади дастгирии эҷодкорон қариб 20 лоиҳа татбиқ карда шуд. Рӯзи кормандони маданият ва санъат муқаррар гардид. Хурсандам, ки дар иди касбӣ меҳнатҳои чандинсолаам эътироф гардида, аз тарафи Вазорати маданият бо нишони сарисинагии “Маданият ва санъат фидокори” мукофотонида шудам.
Дар идома дастаи ансамбли ашӯла ва рақси “Лазгӣ” бо барномаи консертӣ табъи ҳозиронро болида сохтанд.
Эҳтиром ба фидокорони маданият ва санъат
