Ovozi.uz

Аз шумораи талафот дар ҷангҳо бештар…

Имрӯз, 10-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ мебошад. Ин сана бо ҳадафи баланд бардоштани огоҳӣ, таҳкими ирода ва ташвиқи амалҳои муштарак барои коҳиш додани сатҳи худкушӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳар сол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна тақрибан 1 миллион нафар бар асари худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Яъне, ҳар 40 сония як инсон ба чунин фоҷиа рӯ ба рӯ мешавад. Омори фавт аз худкушӣ ба шумораи талафот дар ҷангҳо ва кушторҳои дастаҷамъӣ баробар арзёбӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), сатҳи паҳншавии худкушӣ бештар дар кишварҳои рушдёфта ба назар мерасад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки худкушӣ на танҳо мушкили шахсӣ, балки масъалаи иҷтимоӣ ва тиббӣ аст. Аз ин рӯ, чорабиниҳои пешгирикунанда, дастгирии равонӣ ва ҳамкории ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд.