Ovozi.uz

Барои сардорони ҷавонон семинар гузаронида шуд

Дар бинои Маркази ҷавонони вилоят бо иштироки роҳбарони шуъбаҳои ноҳияву шаҳри Агентии кор бо ҷавонон ва сардорони ҷавонони маҳаллаҳо семинари хонишӣ ташкил гардид.

Дар семинар эътибори асосӣ ба иҷрои вазифаҳои муайянгардида дар Фармони Президентамон аз 10-уми сентябри соли 2025, таҳти рақами ФП-163 нигаронида шуд.

Дар он масъалаҳои ба роҳ мондани самараноки системаи кор бо ҷавонон, барвақт ошкор намудани манфиатҳои касбии ҷавонон, таҳкими иммунитети мафкуравии онҳо, ворид намудани маълумот дар бораи ҷавонон ба базаи ягонаи электронӣ баррасӣ шуданд.

Ба сардорони ҷавонон моҳияти Фармон муфассал фаҳмонида, тавсияҳои амалӣ дода шуд. Семинари омӯзишӣ дар минтақаҳо идома дорад.