Мардe аз зиндон озод шуд. Ба поезд баромада, вориди купе гардид. Дар он ҷо ду нафар чой менӯшиданд. Яке дар кати боло мехобид. Онҳо мардро ба сари дастархон даъват карданд. Пас аз чандe ҳар дуи онҳо барои сигоркашӣ берун баромаданд.
Ногоҳ поезд такон хӯрда, марде, ки дар боло мехобид, ба поён афтод. Мард аз тарси он ки намурда бошад, набзашро санҷид. Дилаш намезад. «Худ чандe пеш аз зиндон озод шудам. Акнун дар марги ин мард низ маро айбдор мекунанд», — гуфта аз дил гузаронд. Аввалин фикре, ки ба сараш омад, халосӣ аз ҷасад буд. Бо ин мақсад онро аз тирезаи поезд ба берун партофт.
Пас аз чандe ду мард баргаштанд ва диданд, ки дӯсташон нест.
— Шарики мо куҷост? — пурсиданд.
— Намедонам. Вақте ки шумо баромадед, вай ҳам аз пасатон рафт, — ҷавоб дод ӯ.
— Чӣ тавр аз қафои мо меравад? Охир, мо ӯро барои дафн кардан мебурдем…
©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова
