Ҳар кишваре пешрафт кардааст, бо қадрдонии муаллим ба ин кор даст ёфтааст. Барои мисол вақте аз сарвазири Ҷопон сабаби пешрафти кишварашро пурсиданд, ӯ чунин посух дод: «Мо ба муаллимон моҳонаи вазир, ҳимояи дипломат ва эҳтироми императорро додем».
Ҷопон ягона кишваре нест, ки ба муаллимон эҳтироми фавқулодда қоил аст. Мо бархе аз одоту гуфторҳои мардум дар кишварҳои ҷаҳон нисбат ба муаллимро ҷамъоварӣ кардем:
Дар Италиё: Ба соҳибони се касб роҳ бояд кушод: Ёрирасони таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунандагон ва муаллимон.
Дар Фаронса: Сарватмандон барои бо маҳалли зисташон ифтихор кардан майл доранд, ки ҳамсояашон муаллим бошад.
Дар Шветсия: Фарзанди аввалинам табиб аст, аммо фарзанди дуюмам мехоҳад аз ӯ дида ихтисоси беҳтаре дошта бошад, яъне омӯзгор шудан мехоҳад.
Дар Олмон: Ангела Меркел ба табибоне, ки норозигӣ баён карданд чунин муроҷиат кард: — Набояд интизор шавед, ки маошатон аз музди муаллимоне, ки ба шумо таълим додаанд, зиёдтар мешавад.
Дар Британияи Кабир: Ин кӯдак як нобиға аст, ӯ мисли муаллим фикр мекунад…
Дар Ҷопон: Ҳафт қадам қафотар аз паси муаллим роҳ равед, то мабодо сояашро зер накунед!
