Ovozi.uz

Зидди коррупсия бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ноил гардидан мумкин

Чунон ки Сарвари давлатамон Ш.Мирзиёев дар ҷамъомади Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия қайд кард, ки агар ҳамаамон ҳамчун як нерӯи ягона амал кунем, албатта ба натиҷаҳои бузурги мусбат ноил мегардем. Аз ин рӯ, фаъолони маҳаллаҳо, нурониён, зиёиён, нависандаву шоирон, кормандони санъату маданият, соҳибкорон, шахсиятҳои маъруф, роҳбарон, депутат ва сенаторҳо – дар маҷмӯъ, тамоми аҳли ҷомеа бояд муттаҳид шуда, ба коррупсия ҳамчун «саратони бадани ҷомеа» муносибат кунанд.

Ба қарибӣ дар ҳокимияти шаҳри Самарқанд бо иштироки вакилони палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии он» ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он масъалаи пешгирии коррупсияи маишӣ дар ҷойҳо баррасӣ гардид. Дар он Раҳмонова Зебинисо Пӯлотовна, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис низ иштирок намуд.

Дар вохӯрӣ депутатҳои Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Самарқанд, кормандони шуъбаи корҳои дохилии вилояти Самарқанд, Сарсадорати кадастри вилоят ва як қатор идораҳо, аз ҷумла «ҳафтгонаи маҳалла» ширкат варзиданд.

Дар рафти вохӯрӣ депутат Баҳодир Раҳмонов оид ба мубориза бо коррупсия ибрози андеша намуда, таъкид намуд, ки «Бо мақсади пешгирии коррупсия ва таъмини шаффофият дар системаҳои то мактаб, мактаб ва таълими олӣ аз технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ин ҳолат, баробари соҳаи таълим дар дигар соҳаҳо низ мушоҳида мешавад».

Дар ҷамъомад иштирокчиён инчунин якчанд пешниҳодҳои роҷеъ ба пешгирии коррупсияро пешкаш намуда, табодули афкор карданд.