Аз инсон барои наздик ба ним аср дар як ҷо кор кардан масъулияти бузург талаб карда мешавад. Фарида Аҳмедова аз соли хатми намудани Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1979) то ҳол дар мактаби таълими миёнаи рақами 16‑и ноҳияи Самарқанд кор мекунад. Ӯ аз ин ҷо Аълочии таълими халқ (соли 2010) гардид. Аз муаллими оддӣ ба дараҷаи ҷонишини директор оиди корҳои маънавӣ-маърифии мактаб расид. Аз ҳама муҳим, ба қарибӣ дар вохӯрии Президент бо омӯзгорон иштирок намуд.
Инак, мо ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва мураббиён бо ин муаллимаи хоксору меҳрубон суҳбат оростем.
— Муаллимаи азиз, шумо мавқеъи устодро чӣ гуна тасаввур мекунед?
— Аввало иҷозат фармоед, ки ҳамаи устодон ва мураббиёнро аз номи ҷамоаи мактабамон табрик гӯям. Ба ҳамаи шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Албатта, вақте ки дар бораи омӯзгор сухан мегӯем, касе нест, ки устод надошта бошад. Он кас, ки ба нафаре як сабақ меомӯзаду чизе мефаҳмонад, ӯ ҳам устод аст. На танҳо дар мактаб ё муассисаҳои таълимӣ, балки дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт мо устодонро мебинем. Бино бар ҳамин ҳам ин ид на танҳо аз они муаллимон, балки тамоми одамони ҷамъияти мо мебошад.
Дар замони ҳозира барои омӯзгорон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Ҳамаи суханҳои Президентамон роҷеъ ба устодон, ки дар вохӯрии охирини бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва мураббиён гуфтанд, исботи фикрҳоям шуда метавонад. Ман тамоми гуфтаҳояшонро бо як мамнуният шунида, аз устод буданам фахр кардам. Аз қадим нақле ҳаст, ки «Агар соҳаи таълим пеш равад, дар ҷамъият ҳам пешравӣ мешавад». Сарвари давлатамон беҳуда нагуфтаанд, ки «Ӯзбекистони Нав — аз остонаи мактаб оғоз меёбад». Айнан ҳамин суханҳо барои баланд бардоштани қадру қимати муаллим ва зиёд шудани эътибор ба онҳо аҳамияти муҳим дорад.
— Фарқи соҳаи таълими даҳ сол пештара ва имрӯзаро дар чӣ медонед?
— Фарқ бисёр аст. Дар ин соҳа мо тӯли ин муддат хеле пеш рафтем. Албатта, соҳаи таълиму тарбия аз қадимулайём, аз вақти пайдоиши олам ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо як шеъри асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба ёд меояд, ки то ҳол ва минбаъд низ маънову зебоии худро ҳаргиз тарк нахоҳад кард:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад.
Яъне, касе соҳиби хирад бошад, дар ҷаҳон шод зиндагонӣ мекунад. Барои ҳамин дар ҷамъияти мо Президентамон ба соҳаи таълим эътибори хоса медиҳанд ва орзуҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудиро амалӣ мекунанд. Ин ҳама ислоҳотҳо барои рушди маориф, беҳбудии таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
— Оиди мактаб ва фаъолиятатон дар он маълумот медодед…
— Ман беш аз 40 сол боз дар мактаб фаъолият дорам. Аз ин рӯ, мактабро чун донишомӯзону омӯзгорони дигар барои худ хонаи дуюм медонам.
Чуноне ки таъкид намудам, ҳоло ба соҳаи таълиму мактаб бисёр эътибори калон дода мешавад. Ман ҳамчун омӯзгор дар ин ҷода чанд пешниҳод низ дорам. Вақте дар бораи таълим ҳарф мезанем, ба ёди ман рақобат меояд. Чунки, дар ҳар куҷое рақобати зеҳнӣ бошад, дар ҷамъият пешравӣ бештар ба назар мерасад. Дар мактаб рақобат чӣ хел мешавад? Ин рақобат ба роҳ мондани мониторинги дохилию беруна аст. Агар ҳамин мониторингҳо оқилона ва шаффоф роҳандозӣ шаванд, сифати таълим ҳам, дониши хонандагон ҳам ба дараҷаи баланд мерасад. Мо ҳамин мониторинги дохилию берунаро дар байни донишомӯзон, фанҳо, синфҳо ва ҳатто байни омӯзгорон ҳам гузаронида метавонем. Чунки ҳангоми таҳлили хуб мо ба дараҷаи дониши хонанда, синф ва фанҳо, инчунин хидмати омӯзгор баҳои муносибро оқилона доданамон мумкин мешавад. Албатта мониторинг ҳоло ҳам вуҷуд дорад, аммо хеле кам аст. Агар он пайваста ба роҳ монда шавад ва қисмҳои таъкидгардидаро дар бар гирад, боз ҳам хубтар мешавад.
Пешниҳоди дуюми ман ба нақшаи солонаи таълим илова кардани фанни омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ аст. Ин фан чанд сол боз дар нақша нест. Агар он дубора роҳандозӣ шавад, ба ин восита бехатарии ҳаракати донишомӯзон ва раҳгузарон таъмин мегардад. Дар ҳамаи мактабҳо барои омӯхтани ин фан шароитҳо вуҷуд дорад. Агар ҳадди ақал ҳафтае як бор дарсҳояш низ гузашта шавад, кори олиҷаноб мешавад.
— Ниятҳои шумо ба омӯзгорони тамоми кишварамон дар рӯзи иди касбӣ.
— Ба омӯзгорон пеш аз ҳама хуб шудани фаъолияти корияшонро мехоҳам. Оилаашон тинҷ бошад. Агар дар оила тинҷӣ бошад, шумо ҳамаи корҳоятонро бо хотири ҷамъ анҷом дода, дар ҳама ҷода худро санҷида, онҳоро ба дараҷаи олӣ расонида метавонед. Азбаски Президентамон нисбати омӯзгорон бисёр ғамхорӣ мекунанд, мо бояд бештару хубтар кор кунем. Ман ҳам дар вохӯрии Сарвари давлат бо омӯзгорон иштирок доштам ва аз имкониятҳои ба мо додаашон бисёр хурсанд шудам. Ба ҳар як омӯзгор эътибори алоҳида нигаронида шуд. Албатта ин ба дили омӯзгорон як рӯҳи тоза бахшид ва барои боз ҳам беҳтар гардондани дараҷаи маданияту таълиму сатҳи таълими донишомӯзони мо таъсири худро мерасонад. Мо бояд муносиби гузаштагонамони бузурги худ ва олам шуда, давомдиҳандагони корҳои онҳо бошем.
— Ташаккур барои суҳбати пурмазмун!
Мусоҳиб Шаҳло АҲРОРОВА
