Ovozi.uz

Пандҳои бузургони ҷаҳон дар бораи омӯзгорон

«Касе, ки ба кӯҳна рӯ оварда, навро кашф карда метавонад, сазовори номи муаллим мебошад».

Конфутсий (551–479 пеш аз милод), Чин

«Муносибати давлат ба муаллим — сиёсати давлатӣ, ки ё аз тавоноии давлат ё заъфи он далолат медиҳад».

Отто фон Бисмарк (1815–1898), Олмон

«Ҳар кӣ хатоҳои маро дуруст нишон диҳад — устоди ман; ҳар кӣ рафтори дурусти маро саҳеҳ қайд кунад — дӯсти ман; касе, ки ба ман хушомадгӯӣ мекунад, душмани ман аст».

Сун Тзи (543–495 пеш аз милод), Чин

«Муаллими оддӣ нақл мекунад.
Муаллими хуб мефаҳмонад.
Муаллими аъло нишон медиҳад.
Муаллими бузург илҳом мебахшад».

Вилям Артур УОРД

«Ҳоло ман бисёр гап мезанам ва шумо хеле бодиққат гӯш медиҳед. Пас ман кам ҳарф мезанам ва шумо мешунавед ва фикр мекунед. Ниҳоят, ман ҳеҷ гап намезанам ва шумо худатон фикр карда, мустақилона кор мекунед, зеро кори ман ҳамчун муаллим барои шумо даркор нашудан аст…»

Николай Римский-Корсаков (1844–1908), Русия

«Мақсад аз таълиму тарбияи кӯдак он аст, ки вай бе ёрии муаллим минбаъд инкишоф ёбад».

Элберт Грин Ҳаббард (1856–1915), Амрико

«Аз табибон ва муаллимон интизоранд, ки мӯъҷиза нишон диҳанд ва агар мӯъҷизае рӯй диҳад, ҳеҷ кас дар ҳайрат намеояд».

Мария фон Эбнер-Эшенбах (1830–1916), Австрия

«Муаллими нобоб ҳақиқатро пешниҳод мекунад, муаллими хуб чӣ гуна пайдо кардани онро таълим медиҳад».

Адолф Дистервег (1790–1866), Олмон

«Муаллим миллат меофарад».

Аҳмад Ҳоҷӣ Қодиров (1951–2004)

«Шогирд ҳеҷ гоҳ аз муаллим пеш гузашта наметавонад, агар ӯро рақиб не, балки ҳамчун намуна бубинад».

Виссарион Григоревич Белинский (1811–1848), Русия

«Муаллими хуб касе нест, ки ҳама чизро медонад, балки онест, ки аз надонистани худ хиҷолат намекашад. Барои ҳамин ҳам шогирдони муаллимони хуб аз онҳо пеш мераванд».

Игор Фёдорович Шаригин (1937–2004), Русия

«Муҳимтарин падидаи мактаб, фанни ибратбахштарин, зиндатарин намуна барои хонанда худи муаллим аст».

Адолф Дистервег (1790–1866), Олмон

«Як кӯдак, як муаллим, як китоб ва як қалам метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад».

Малала Юсуфзай (1997), Покистон

«Муаллим шахсест, ки метавонад корҳои душворро осон кунад».

Ралф Уолдо Эмерсон (1803–1882), Амрико

Тарҷума ва таҳияи Ш.КЕНҶАЕВ.