Ovozi.uz

Аз зулфи сухан то нури ҳақиқат: Ҷавдат дар оинаи ғазалу қасида

Абдулғанӣ Ҷавдат яке аз чеҳраҳои равшани адабиёти асри XX дар Ӯзбекистон маҳсуб мешавад, ки осори ӯ дар шаклҳои гуногуни шеърӣ — аз ғазалиёт, мухаммасот, рубоиёт то таърихнависиҳои манзум ҳузури фаъол дорад. Шоир дар осори худ мавзӯъҳои ошиқона, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва панду андарзро бо лаҳни равшан ва забони гуворо ба тасвир кашидааст.

Ғазалиёт: Оинаи ишқу эҳсос

Ғазалиёти Ҷавдат аз муҳтавои ишқӣ саршор аст. Маъшуқа ва ошиқ — ду қаҳрамони асосии ғазалҳояш, бо зебоии зоҳирии «зону», «лаби лаъл», «ҷамол», «ҳалқаи зулф», «чашмон» ва дигар ташбеҳоти пуробуранг ба таври равшан тасвир меёбанд. Табъи шоирона ва завқи баланди ӯ дар ин мавзуъ нишон медиҳад, ки Ҷавдат танҳо суханвар не, балки тасвиргари эҳсосот низ мебошад.

Мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ

Ғайр аз ишқ, Ҷавдат дар ғазалу қитъаҳои худ масъалаҳои ҷиддии иҷтимоиро низ баррасӣ кардааст. Шоир ба ҷаҳолат, ҳасад, бадгӯӣ ва бемаърифатии ҷомеа бо диди танқидӣ менигарад ва худро дар муҳити танҳову пурозор намондааст. Баръакс, ӯ худро дар назди душманони маънавияш қавӣ медонад ва онҳоро бо норасоии маърифату дониш ночиз тасвир мекунад.

Осори ӯ фарогири мавзӯъҳои гуногун буда, як қатор ашъори машҳурро дар бар мегирад. Аз ҷумла:

«Ғазалиёт барои Ҷомеъ», «Дар ҳолати хастагӣ» (соли 1948), «Модар», «Ҷавоб ба ғазали Ҳофиз», «Дар васфи май», «Себи Самарқанд», «Боғи баланд», «Анҷири Боғи баланд», «Оби Раҳмат», «Мухаммасот ба ғазали Ҳилолӣ, Қассоб, Розӣ», «Ба Ҷомеъ», «Шеъри Хилъат», «Ҷавоби Ҷавдат», «Рубоиёт, муфрадот ва муқаттаот».

Таърихи вафоти шоирони маъруф: Абдусалом Деҳотӣ (1962), Ноқиси Каттақӯрғонӣ (1929), Хилъат (1968), Васлӣ (1925), Нақибхон Туғрал (1919), устод Айнӣ (1954), шеърҳои иҷтимоиву ахлоқӣ: «Ба муаллим», «Офтоби сари кӯҳ», «Насиҳат ба фарзанд», «Шикоят аз пирӣ», «Марсия», «Васф ва вафоти Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов (1936) низ ба қалами ӯ мансуб аст.

Эҷодиёти Ҷавдатро аксар вақт бо шоирони барҷастаи замонаш, аз ҷумла Туғрал, Сипандӣ, Васлӣ ва Гулханӣ муқоиса мекунанд. Ҳамаи онҳо барои ба воситаи шеър ба тасвир кашидани воқеият ва вазъи замон кӯшиш кардаанд. Ҷавдат низ аз ин падида истисно нест: ӯ дар зери зулфи сухан адолати гумшударо меҷӯяд ва дар роҳи ҳақиқатгӯӣ устуворона қадам мезанад.

Паҳнои жанрҳои лирикӣ дар эҷодиёти Ҷавдат Раҳмон

Абдулғанӣ Ҷавдат шоири соҳибзавқу бомаҳорате буд ва худро дар жанрҳои гуногуни шеъри лирикӣ санҷидааст. Ӯ бо забони равон ва табъи баланд, аз ғазал то рубоиву мухаммас, аз қасида то қитъа, ҳар як навъи шеърро ба таври шоиставу зебо баён намуда, ниёзҳои маънавии мухотабро қонеъ мегардонад.

Маҷмӯаи осори Ҷавдат аз ин навъҳои шеърӣ иборат мебошад:

Ғазалҳо — саршор аз эҳсоси ошиқона, образҳои зебои маҳбуба ва ишқе, ки бо танқиди ҷомеа ҳамроҳ аст;

Рубоиёт — пур аз ҳикмату панд, ҳар яке оинаест аз таҷрибаи зиндагӣ ва мушоҳидаҳои муаллиф;

Мухаммасот — вусъати фикрӣ ва ҷозибаи алоқамандии байтҳо, ки мавзӯъро боқувват ифшо мекунанд;

Қасоид — шоир бо ин навъи шеър ба мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва мадҳ ворид мешавад;

Қитъаҳо — нигоҳи хирадманд ва воқеъбинона ба зиндагӣ, ҷомеа ва инсон;

Муаммо, таърих, мувашшаҳҳо — намоёнгари маҳорати баланди ӯ дар истифодаи санъатҳои бадеӣ мебошад.

Эҷодиёти Ҷавдат дар ҳамаи ин жанрҳо шиносномаи як маорифпарвар ва инсони соҳибшуур аст.

Соли 1916 дар матбааи Когони Бухоро, бо ташаббусу кӯмаки як гурӯҳ аз дӯстону ҳамфикрон — Саидаҳмадӣ Васлӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҷҷоҳ, Абдулқаюми Қурбӣ, Ҳасратӣ, Ориф Гулханӣ, Мулло Назруллоҳи Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Аҳмади Туҷҷор, Абдуфаёзии Қаровулбегӣ ва дигарон — «Девони Туғрали Аҳрорӣ» нашр гардид.

Ин иқдом на танҳо барои нашри осори як шоири маъруф, балки барои муаррифии як насли забардасти адабӣ ва як давраи шукуфоии шеърӣ буд, ки Ҷавдат низ ба он марҳала иртиботи зич дошт.

Ҷавдат — вориси арзандаи мактаби Туғрал ва Васлӣ

Дар назари муҳаққиқон, Ҷавдат дар паи анъанаи шоироне чун Туғрали Аҳрорӣ, Гулханӣ, Васлӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, осори ӯро метавон давоми мантиқии адабиёти тоҷик дар қаламрави Ӯзбекистон номид, ки бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, тавонист қалби мардумро бо каломи шеъру ҳикмат гарм нигоҳ дорад. Ба хусус, ашъори дар равияи насиҳатнома навиштаи ӯ дар байни мардум хеле машҳур мебошад. Таваҷҷуҳ кунед ба мисраъҳои зерини шоир аз шеъри «Насиҳат ба фарзанд», ки хеле равону таъсирбахш баён гардидааст:

Бувад панди падар аз ҳар чӣ хуштар,
Ба фарзанди ба ҷону дил баробар.

Насиҳатҳо намоям, гӯш андоз,
Ки бар ту беҳтар аз ёқуту гавҳар.

Макун дар пеши мардум сарбаландӣ,
Агар фармон диҳӣ, мебош камтар.

Мабинмо пешхезӣ ҳеҷ касро,
Мабодо ӯ ба дониш аз ту беҳтар.

Ҳалиму хуштакаллум бош доим,
Чӣ хоҳӣ, ёбӣ аз хизмат муқаррар.

Абдулғанӣ Ҷавдат шоирест, ки бо нигоҳи ошиқона, қалами ҳушмандона ва эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ, дар жанрҳои лирикӣ осори барҷастаеро аз худ боқӣ гузоштааст. Дар баробари устодона қалам рондан дар жанрҳои гуногуни шеъри тоҷикӣ, шоир бо забони ӯзбекӣ низ суханварии бомаҳорати худро намоён карда, осори арзишманд аз худ гузоштааст. Аз ин боис, ӯро чун шоири маъруфи зуллисонайни давр мешиносанд. Эҷодиёти ӯ далелест, ки на танҳо суханвар, балки файласуфи мардумӣ низ буд. Ҳар ғазал, рубоӣ ва қитъаи ӯ ҳамчун порае аз таърихи халқ боқӣ мемонад.

Ганҷина АБДУСАТТОРОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов