Ovozi.uz

Хосиятҳои фоиданоки беҳӣ

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад; пешобро меронад.

Оби беҳии ширинро гарм карда бимоланд, варами дасту пойҳо ва сустии ҷигари гарммизоҷонро ба ибро меоварад, вале хунукмизоҷонро зарар дорад.

Беҳии ширинро напухта бихӯранд, аз бадан рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо менамояд.

Мизоҷи беҳии турш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Агар инро бихӯранд, хислатҳояш дар бобати қувват бахшидан барои меъдаи гарммизоҷон аз беҳии ширин қавитар аст. Ва агар инро аз болои таом бихӯранд, оҳиста исҳол меоварад ва агар дар вақти холӣ будани меъда бихӯранд, дар одамони гарммизоҷ дарунро мебандад.

Усораи беҳии турш, яъне оби онро дар офтоб ғафс гардонида бинӯшанд, барои иллати ростнафас, дамкӯтаҳӣ, хун қай кардан, иллати қайкуни, дафъи хумор, таскин додани ташнагӣ, бисёр пешоб шудан ва дигар хунравиҳо даво мебошад.

Ҳар як навъи беҳиро бихӯранд, фараҳ меоварад беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад ва аз узвҳои ботини рафтани хунро манъ менамояд.

Беҳиро бо асал мураббо карда бихӯранд, ҳамаи зарарҳояш нест мегардад. Агар биҳиро мураббо накарда, худашро бихӯранд, ба узвҳои заифи даруни шикам зарар дорад, яъне роҳи нафасро дағал мегардонад; иллатҳои ларзак, сурфа ва кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдахои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин ҳолат асал ва арпабодиён бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Агар аз гули беҳӣ мураббо тайёр карда бихӯранд, узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қавӣ мегардонад; тапидани дилро шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои зарарнокро ба майна манъ мекунад.

Мева ва барги онро кӯфта, бардавом гузошта банданд, варамҳои гарми чашм ва дигар узвҳоро таҳлил медиҳад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узвҳо рехта шаванд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Барги онро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк мекунад.