Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим”-и шаҳри Самарқанд намоишгоҳи байналмилалии “Таълим ва касб” баргузор шуд, ки барои ҷавонон муҳим аст.
Мақсади аслии намоишгоҳ кумак ба ҷавонон дар интихоби касб, муайян кардани самти таълим ва дарёфти ихтисоси мувофиқи истеъдод ва завқи онҳост.
Чорабинӣ ба як минбари имкониятҳои нав барои донишҷӯён, довталабон ва мутахассисони ҷавон табдил ёфт.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳокимияти вилоят, Агентии кор бо ҷавонон ва як қатор ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ дар баробари муассисаҳои олии пешбари Ӯзбекистон, беш аз 15 донишгоҳҳои хориҷӣ низ барномаҳои таълимӣ, лоиҳаҳои грантӣ ва имкониятҳои мубодилаи байналмилалии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар рафти чорабинӣ барои донишҷӯён ва довталабон гӯшаҳои махсуси машваратӣ ташкил карда шуда, ба онҳо оид ба таҳсил, забономӯзӣ, таҳсил дар хориҷа ва касбҳои муосир маълумоти муфассал дода шуд.
