Ovozi.uz

Мош

Мизоҷи мош дар дараҷаи якум сар ва хушк.

1. Хӯрдани мош асаб ва узвҳои асабониро қавӣ мегардонад.

2. Хӯрдани мош қуввати босираро зиёд мегардонад.

3. Хӯрдани мош бемориҳои гурдаро дафъ мекунад, зеро ки мош мувофиқи ин узв аст.

4. Хӯрдани мош варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад.

5. Хӯрдани мош назларо қатъ мекунад.

6. Хӯрдани мош дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.

7. Мошро пухта бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад.

8. Мош ва биринҷро дар об соида, андаке гарм карда, ба пистон ва сина гузошта банданд, шири занро, ки аз сабаби гармӣ ва хушкӣ шах шуда бошад, мунҳалл мекунад.

9. Мошро хоида, ба чашм гузошта банданд, ғарабро дафъ мекунад.