Ovozi.uz

Шакли нави фиребгарӣ: Чӣ бояд кард, агар ба корти пластикии шумо маблағи номаълум фиристода шавад

Схемаи мазкур оддӣ аст: қаллобон ба корти шахс маблағ мегузаронанд, сипас баргардондани онро хоҳиш мекунанд. Одамоне, ки пулро баргашта мефиристанд, қурбони ҳила мешаванд. Қаллобон таҳдид мекунанд, ки онҳо ҳозир ба ташкилоти террористӣ ёрии молиявӣ расондаанд.

Чӣ хел ҳаракат бояд кард, агар шумо ба фиреб афтода бошед?

  1. Дар ҳолати банохост дохил шудани маблағ экспертҳо тавсия медиҳанд, ки ба воситаи бонкдорӣ (банкинг)-и бонк дар суратҳисоб будани онро санҷанд.
  2. Сипас ба воситаи хати таъҷилӣ, чат ё ки офис дар ин бора ба бонк хабар диҳед.
  3. ВКД даъват мекунад, ки маблағи дохил шударо истифода набаред, ҳатто гап дар бораи маблағи кам равад ҳам.
  4. Бевосита бозгардондани маблағи мазкур низ мумкин нест. Онро танҳо ба воситаи функсияҳои расмии бонк баргардонидан мумкин аст.
  5. Дар ҳолати ба миён омадани чунин вазъият барои омӯхтани он робита ва занг заданро бояд идома дод.