Ovozi.uz

Муҳити бехатари маҳаллаҳо таъмин карда мешавад

Сессияи Шӯрои вилоят

Парерӯз сессияи нуздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Шӯҳрат Негматов сарварӣ кард.Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, пешгирии ҳуқуқшиканиҳо, таъмини кибербехавфӣ ва рушди инфрасохтори минтақа дохил карда шуданд.

Аввал директори ҶС «Самарқанд сув таъминоти» Т.Бобоев роҷеъ ба корҳое, ки барои баланд бардоштани дараҷаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва канализатсия амалӣ карда мешаванд, инчунин нақшаҳои оянда дар ин самт ҳисобот дод.

Вазъи қарзи дебиторӣ дар моҳи майи соли равон барои хизматҳои мазкур дар вилоят 45 миллиарду 756 миллион сӯмро ташкил кард, вале то 1‑уми октябри соли равон ин қарздорӣ ба 27 дарсад кам карда шуд. Нисбати 2330 истеъмолчӣ ҳуҷҷатҳоро барои рӯёндани қарздорӣ ба миқдори 19 миллиард сӯм ба суд доданд.

Аз оғози сол аз ҳисоби муассиса 82 насоси обии сарфакунандаи қувваи барқ гузошта шуд, 95 насосро таъмири асосӣ ва ҷорӣ намуданд ва 28,3 километр шабакаҳои оби нӯшиданӣ гузаронданд. Дар вилоят корҳо роҷеъ ба кашидани 82,6 километр шабакаҳои оби нӯшиданӣ анҷом дода шуданд, ки дар натиҷа 3,5 ҳазор нафар одам бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Дар доираи барномаи давлатӣ дар 42 объекти таъминоти оби ошомиданӣ ва канализатсия корҳои сохтмону таъмир амалӣ карда мешаванд. Барои бартараф намудани носозиҳое, ки дар маҷмӯи таъминоти об ва канализатсия рӯй медиҳанд, 24 бригадаи дафъи садама ташкил карда, ба ҳайати онҳо 109 нафар кормандон дохил шуданд, инчунин 35‑то техникаи махсус ҷалб гардиданд.

Қайд гардид, ки то анҷоми сол дар вилоят бори аввал 44 ҳазор нафар одам бо оби нӯшиданӣ таъмин карда мешаванд. Ба нақша гирифта мешавад, ки дар минтақа сатҳи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ба 80,5 дарсад расад.

Дар маърӯзачӣ набудани маълумот роҷеъ ба динамикаи истифода об — яъне, аҳолӣ то ҳол чӣ қадар обро истифода бурд ва нишондиҳандаҳои пешбинишудаи истифодаи ояндаи об сабаби мулоҳизаҳои танқидии намояндагони халқ шуд.

Пешниҳод гардид, ки ҳангоми лоиҳакашии объектҳои нав ва маҷмӯи таъминот бо оби нӯшиданӣ ва канализатсия таъмини пурраи ҳудуди мазкурро бо об ба ҳисоб гиранд, инчунин рақамигардонии ҳисобу китоби об ва ба маҷмӯи ягонаи биллингӣ васл намудани биноҳо пешбинӣ карда шавад.

Сипас, ҳисоботи сардори садорати корҳои дохилии вилоят Т.Арипов дар бораи корҳое, ки роҷеъ ба мубориза бо ҷиноятҳо ва пешгирии ҳуқуқшиканӣ дар минтақа амалӣ мешаванд, шунида шуд.

— Аз 1081 маҳаллаи вилоят дар 374‑тои онҳо ягонто ҳам ҷиноят рӯй надодааст, — гуфт Т.Арипов. — 9311 ҷиноят кушода шуд, ки 90 дарсади шумораи умумии онҳоро ташкил мекунад. 742 шахсро дастгир намуданд, ки аз идораҳои тафтишотӣ пинҳон шуда мегаштанд. 29 шахси бедарак гумшударо ёфтанд. Дар соҳаи ришват ва иқтисод 251 ҷиноят кушода шуд, ки 301 шахс содир намудаанд. Нисбати шахсоне, ки 7 бор қоидаҳои сарҳадро вайрон ва 16‑то ҷинояти бо савдои одам вобаста содир кардаанд, чораҳо дида шуданд.

— Бо мақсади таъмини кибербехавфӣ дар ҷумҳурӣ бори аввал барномаи «SAM CYBER 102» таҳия карда шуд, — идома дод Т.Арипов. — Ҳоло мо ин барномаро чун илова, ки шабеҳи антивирус аст, роҳандозӣ кардем: агар ба телефони шумо барномаҳои зараровар афтанд, худи барнома онҳоро муайян ва нест мекунад. Дар натиҷаи ба кор андохтани он шумораи муроҷиатҳо аз аҳолӣ роҷеъ ба дуздидани пул аз картаҳои пластикӣ кам шуданд: моҳи август — 1302, сентябр — 1095, октябр — 752 муроҷиат.

Мутаассифона, дар мавзеъҳо содир кардани ҷиноятҳое идома доранд, ки онҳоро саривақт пешгирӣ кардан мумкин аст. Қисми калони ҷиноятҳоро — 40 дарсад — дуздӣ ва фиребгарӣ ташкил мекунанд ва шумораи онҳо дар байни аҳолӣ зиёд мешавад. Соли равон дар вилоят ба ҳар 100 ҳазор нафар сокини он 240,2 ҷиноят рост омад. Миқдори аз ҳама калони ҷинояткорӣ дар шаҳри Самарқанд — 251,5, ноҳияи Пахтачӣ — 194,7 ва Каттақӯрғон — 169,2 рӯй додааст.Дар сессия инчунин, қайд карда шуд, ки бар асоси Қонун «Дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва бинову иншоотҳои дар онҳо бунёд шудаки худсарона аз худ кардаанд» ва мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба воситаи маҷмӯи ахбории Агентии кадастр «Эътироф» омада, ҳуқуқи моликияти 38 нафар шаҳрвандон бо тартиби дар қонун муайяншуда тасдиқ гардиданд. Аз рӯи рӯзномаи сессия намояндагони халқ пешниҳодро дар бораи муқаррар намудани механизми намунавии ҳисобу китоби миқдори қисман пардохти хароҷоти сохтани шабакаҳои муҳандисӣ — коммуникатсионӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ дар вилоят, инчунин зина ба зина ташаккул додани сармояи низомномавии ҷамъияти саҳҳомии «Samarkand Invest Company» дар ҳаҷми 10 миллиард сӯм аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷет, мулки мунитсипалӣ ва воситаҳои дигар, ки бо қонунгузорӣ манъ карда нашудаанд, пазируфтанд.

Дар сессия, инчунин як қатор масъалаҳо баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд: дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба барномаҳои адресноки лоиҳаҳои драйверӣ, ки дар зинаи аввал бар асоси таҷрибаи «Зарбдор» амалӣ карда мешаванд, тасдиқи параметрҳои ислоҳдаровардаи лоиҳаҳои мазкур аз рӯи натиҷаҳои тендерҳо, баррасии консепсияи лоиҳаи «Рушди гидроэнергетикаи хурд дар Ӯзбекистон», ки онро Вазорати энергетика бо молиягузории Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мекунад, инчунин интихоб ва тасдиқи рӯйхати маҳаллаҳо дар доираи ташаббуси маҳаллаҳои моси қиёфаи «Ӯзбекистони Нав» ва ғайра.

Дар сессия инчунин, қайд карда шуд, ки бар асоси Қонун «Дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва бинову иншоотҳои дар онҳо бунёд шудаки худсарона аз худ кардаанд» ва мувофиқи ҳуҷҷатҳои ба воситаи маҷмӯи ахбории Агентии кадастр «Эътироф» омада, ҳуқуқи моликияти 38 нафар шаҳрвандон бо тартиби дар қонун муайяншуда тасдиқ гардиданд. Аз рӯи рӯзномаи сессия намояндагони халқ пешниҳодро дар бораи муқаррар намудани механизми намунавии ҳисобу китоби миқдори қисман пардохти хароҷоти сохтани шабакаҳои муҳандисӣ — коммуникатсионӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ дар вилоят, инчунин зина ба зина ташаккул додани сармояи низомномавии ҷамъияти саҳҳомии «Samarkand Invest Company» дар ҳаҷми 10 миллиард сӯм аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷет, мулки мунитсипалӣ ва воситаҳои дигар, ки бо қонунгузорӣ манъ карда нашудаанд, пазируфтанд.Дар сессия, инчунин як қатор масъалаҳо баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд: дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба барномаҳои адресноки лоиҳаҳои драйверӣ, ки дар зинаи аввал бар асоси таҷрибаи «Зарбдор» амалӣ карда мешаванд, тасдиқи параметрҳои ислоҳдаровардаи лоиҳаҳои мазкур аз рӯи натиҷаҳои тендерҳо, баррасии консепсияи лоиҳаи «Рушди гидроэнергетикаи хурд дар Ӯзбекистон», ки онро Вазорати энергетика бо молиягузории Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мекунад, инчунин интихоб ва тасдиқи рӯйхати маҳаллаҳо дар доираи ташаббуси маҳаллаҳои моси қиёфаи «Ӯзбекистони Нав» ва ғайра.