Ovozi.uz

Дар обҳои партови Германия вируси хатарнок пайдо шуд

Дар Германия навъи штамми полиовируси ваҳшӣ, ки боиси полио (полиомиелит) мешавад, муайян гардид. Дар ин бора “Reuters” хабар дод.

Тибқи маълумоти нашрия, охирин ҳолати сироятёбӣ дар кишвар соли 1990 ба қайд гирифта шудааст. Мутахассисон ин вирусро дар Германия аз соли 2021 инҷониб ҳангоми мониторинги банақшагирифташудаи намунаҳои муҳити зист муайян кардаанд.

Дар айни замон, коршиносон мегӯянд, ки аз сабаби сатҳи баланди эмгузаронӣ, ягон ҳолати сироятёбӣ дар одамон ба қайд гирифта нашудааст.

Барои маълумот, полиомиелит як бемории хатарнок аст, ки ба системаи асаб таъсир мерасонад. Он тавассути хӯрок ва оби сироятёфта паҳн мешавад.