Ovozi.uz

Сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин шуд

Имрӯз, 18-уми ноябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи фармони президент, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аз моҳи майи соли 2021 ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кор мекард, аз вазифааш озод карда шуд. Насриддин Исматулло, ки қаблан ҷонишини аввали вазири Корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, ба ин вазифа таъин шуд.

Ҳамзамон, мувофиқи қарорҳои ҳукумат, Насриддин Исматулло аз вазифаи ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷӣ озод карда шуд. Ҷойи ӯро Фаррух Ҳамрализода гирифт.