Ovozi.uz

Норвегия пас аз 27 сол дигарбора роҳхати Ҷоми ҷаҳонро соҳиб шуд

Мунтахаби Норвегия дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 Италияро мағлуб кард. Бозӣ дар Милан доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1 ба анҷом расид. Аз ҳайати Норвегия Эрлинг Ҳоланд дубл кард ва Антонио Нуса бо Йорген Ларсен голҳои дигарро ба самар расониданд. Франческо Эспозито ягона голи Италияро ба ҳадаф расонид.

Норвегия аз ҳашт давр 24 имтиёз ба даст овард ва дар гурӯҳи “I” ҷои аввалро гирифт. Ин бори аввал аст, ки Норвегия пас аз соли 1998 ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Дар он вақт онҳо дар даври 1/8 ниҳоӣ аз Италия бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуда буданд. Сармураббии ҳозираи Норвегия Стале Солбаккен дар се бозии он мусобиқа иштирок карда буд.

Италия дар гурӯҳи “I” 18 имтиёз ба даст овард ва ҷои дуюмро гирифт. Дастаи Ҷеннаро Гаттузо дар плей-офф бозӣ хоҳад кард.

Ҳоло аз 48 дастаи иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, 32 дастаи иштирокчӣ маълум шудааст. Норвегия роҳхати 32-юмро ба даст овард ва панҷумин шуда аз Аврупо ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфт.