Агентии баҳогузории дониш ва тахассус дар бораи саволҳои дар Ӯзбекистон мустақиман эътироф шудани дипломҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии Россия, Тоҷикистон ва Қирғизистон дода шудаанд, ахбори расмӣ дод.
Ӯзбекистон аввалин шуда дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ «Конвенсияи ҷаҳонӣ оид ба эътирофи тахассус дар соҳаи таҳсилоти олӣ»-ро тасдиқ кард. Моддаи 4-и конвенсия эътирофи байниҳамдигарии тахассусҳоеро, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби кишварҳои узви он тасдиқ шудаанд, пешбинӣ мекунад.
Дипломҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳое ба монанди Россия, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки узви конвенсия нестанд, дода шудаанд, дар Ӯзбекистон мувофиқи талаботи Низомномаи «Дар бораи тартиби эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти дар кишварҳои хориҷӣ гирифташуда» эътироф карда мешаванд.
Конвенсияи ҷаҳонӣ ҳоло 38 кишвари узв дорад ва тақрибан 10 давлати дигар дар ҳоли ҳамроҳшавӣ мебошанд. Аъзоёни он Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Зеландияи Нав, Франсия, Британияи Кабир, Финландия, Норвегия, Шветсия, Исландия, Маҷористон, Эстония, Литва ва Молдова мебошанд.
Ӯзбекистон се моҳ пас аз пешниҳоди қонуни тасдиқ ба Котиботи ЮНЕСКО узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО шуд.
Хабарҳо дар бораи эътирофи байниҳамдигарии дипломҳои таълимии қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ рад карда шуд.
