Ovozi.uz

Дар пости гумрукӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 312,4 миллион сӯм мусодира карда шуд

Мусофире, ки аз кишвари ҳамсоя ба Ӯзбекистон тавассути пости гумрукии марзии «Ҷартеппа» ҳаракат мекард, дар сумкаи худ молҳое дошт, ки аз меъёрҳои воридоти бебоҷ ба кишвари мо зиёдтар буданд.

Ҳангоми санҷиш бо иштироки шоҳидон маълум шуд, ки дар сумка 18 дона ҷавоҳироти тиллоӣ бо вазни 364,53 грамм мавҷуд аст, ки ҳангоми пурсиши шифоҳӣ эълон нашудаанд ва дар декларатсияи гумрукии мусофир сабт нашудаанд.

Дар ин ҳолат, аз ҷониби суд ба мусофир ба миқдори 75 баробари маблағи ҳисоби базавӣ ҷарима таъин карда шуд ва 18 дона ҷавоҳироти тиллоӣ бо арзиши умумии 312 миллиону 436 ҳазор сӯм ба даромади давлат гузаронида шуд.