Ovozi.uz

Барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ соҳаҳо рақамигардонӣ карда мешавад

Имрӯз дар Хонаи матбуот бахшида ба мавзӯи «Пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он» бо иштироки ходимони прокуратура анҷумани матбуотӣ баргузор шуд. Дар он мудирони шӯъбаи прокуратураи вилоят М.Ҳамроева ва Х.Мусурмонов маълумот доданд.

Дар вилоят барои мубориза бар зидди коррупсия як қатор корҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, барои таҳлили омилҳои коррупсионӣ штаб ташкил ва ходимонро ба 88 идораи давлатӣ вобаста намуданд.

Дар даври гузашта дар соҳаҳои андоз, шуғл, сохтмон, ҳифзи тандурустӣ, кадастр, таълими томактабӣ ва мактаб омӯзишҳо гузаронда, 274 нафар ходим ба ҷавобгарии интизомӣ ва 20 нафар ба маъмурӣ кашида шуданд. Бо 63 нафар шартномаи меҳнатиро бекор карданд.

Чанд соҳае, ки дар онҳо ҳолатҳои коррупсионӣ бисёр вомехӯранд, муайян ва фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ рақамӣ карда шуд. Аз ҷумла, барои ширкатҳои биноҳои истиқоматии бисёрқабата барномаи «Хонаи шаффоф» таҳия гардида, имкони мушоҳидаи хизматҳои расонда ва иҷрои корҳо, ки шаҳрвандон маблағи онҳоро пардохтаанд, овоз додан, фиристодани шикоят ва супориш барои хизмати иловагӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ба ходимони андоз 423 дона ускунаи «Сайт-термопринтер» ва ба 46 нафар ходимони андози ноҳияҳои Самарқанд ва Оқдарё бодикамераҳо доданд. Дар натиҷа дар 5 моҳи соли равон шахсони ҷисмонӣ андози замин ва молу мулкро ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 63,5 млрд. сӯм супурда бошанд, пас аз рақамигардонӣ нишондиҳандаҳо дар моҳи июн 75 млрд. сӯм ва дар моҳи октябр 126,3 млрд. сӯмро ташкил намуданд.

Дар расондани хизмати нақлиёт ба мусофирон имконияти шаффофии пардохтҳо ва назорати хизматҳо дар режими вақти реалӣ фароҳам оварда, ба 550-автобус, 115-то микроавтобус ва 210-то «Дамас» GPS гузошта, ба барномаи «Wialon» пайваст ва дар садорати нақлиёт маркази ситуатсионӣ ташкил карданд. Дар натиҷа гардиши корхонаҳое, ки ба мусофирон хизмат мерасонанд нисбати соли гузашта ба 20 млрд. (71,8/92,2 млрд.) сӯм афзуд.

Ҳоло ба тарзи иловагӣ боз дар 4 соҳа корҳои рақамигардонӣ идома доранд.

Тошқул АЗИМОВ