Аз ҷониби Кумитаи оила ва зан-духтарон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии озмуни миллии «Зани сол» ва марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Намунавитарин фаъоли бонувон» баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ ғолибони озмуни «Намунавитарин фаъоли бонувон», ки тавонистанд ташаббуси неки аз маҳалла оғоз шуда буд, ба ҳаракати амалӣ ва самаранок дар сатҳи ҷумҳуриявӣ табдил доданд, мукофотонида шуданд.
Ҳамчун ғолибони озмуни «Намунавитарин фаъоли бонувон» 14 нафар бонувони фаъол, ки дар байни мардум эътимод дошта, ташаббускор ва масъулиятшинос ҳастанд, қадрдонӣ карда шуданд. Онҳо бо фаъолиятҳои худ дар фароҳам овардани муҳити мусбат дар маҳалла, афзоиши фаъолии иҷтимоии аҳолӣ ва татбиқи самараноки ислоҳоти Ӯзбекистони Нав дар сатҳи маҳалла саҳми арзандаашонро мегузоранд.
Ғолибони озмуни «Намунавитарин фаъоли бонувон» дар як қатор самтҳои муҳим ва аҳамияти иҷтимоӣ муайян гардида, ба таври муносиб мукофотонида шуданд.
Дар озмуни «Намунавитарин фаъоли бонувон» фаъоли зан-духтарони маҳаллаи «Саричашма»-и ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд Малоҳат Абданова низ иштирок намуда, дар номинатсияи «Барои саҳмаш дар тарбияи насли солим» ғолиб шуд.
