Ovozi.uz

“То ҳол Президенти кишвари худ ҳастам!” – Мадуро

Мадуро дар мурофиаи аввали додгоҳӣ иттиҳомоти алайҳаш ироашударо рад карда, гуфт, «ҳамоно раисҷумҳури кишвараш аст». Мурофиаи навбатии ӯ моҳи март баргузор мешавад.

Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла ва Силия Флорес, ҳамсари ӯ дар аввалин мурофиа додгоҳӣ ҳамаи иттиҳомҳои алайҳашон эълоншударо рад карда, худро бегуноҳ хондаанд. Мурофиаи аввалини Мадуро ва ҳамсараш, ки аз сӯи Амрико оварда шудаанд, дар Додгоҳи федералии ноҳияи Манҳэттени шаҳри Ню-Йорк, таҳти додрасии Элвин Ҳеллерштейн доир шуд.

Бар асоси гузориши расонаҳои амрикоӣ, додрас алайҳи Мадуро 4 иттиҳом, аз ҷумла, “терроризми маводи мухаддир» ва «нигоҳдории силоҳу дастгоҳҳои маводи таркандаи харобиовар» эълон кардааст. Раисҷумҳури рабудашудаи Венесуэла ҳамаи итиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, ки ҳамоно худро раисҷумҳури кишвараш медонад.

“Ман бегуноҳам. Ман инсони ботарбият ҳастам. Ман ҳол Президенти кишвари худ ҳастам”, — гуфтааст Мадуро.

Ба навиштаи “BBС”, ҳамсари ӯ ҳам, ки ба фурӯши маводи мухаддир ва аслиҳа гумонбар аст, айбҳои нисбаташ эълоншударо рад карда, худро бегуноҳ донистааст.

Додраси амрикоӣ мурофиаи навбатии Мадуроро рӯзи 17-уми март таъин кардааст. То он вақт ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳад дошт.

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Барри Поллак, вакили мудофеи Мадуро изҳор доштааст, ки зерҳимояи ӯ дархости озодӣ бар ивази гаравпулӣ накардааст, аммо эҳтимол ӯ дар оянда чунин дархосте матраҳ кунад. Поллак пештар аз ҳуқуқи Ҷуллиан Ассанҷ, муассиси «WikiLeaks» ҳимоя карда буд.

Манбаъ: Азия-Плюс TJ