Сармураббии “Страсбур” — Лиам Росенйор сармураббии нави дастаи “Челси” интихоб гардид. Дар ин бора расман рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар дод. Худи мутахассиси 41-солаи англис ин хабарро расман тасдиқ намуд.
“Бале, ман ният дорам сармураббии нави “Челси” — яке аз беҳтарин клубҳои ҷаҳон шавам”, — аз суханони Росенйор дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фабритсио Романо иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми январ роҳбарияти дастаи “Челси” — Энтсо Марескаро аз мақомаш барканор карда буд.
Қобили зикр аст, ки Росенйор 41 сол дорад. Пештар мутахассиси англис дар клубҳои “Дерби” ва “Ҳалл Сити”, ки дар дивизионҳои сеюм ва дуюми Англия иштирок мекунанд, кор кардааст. Аз соли 2024 ӯ сармураббии дастаи “Страсбур”-и Фаронса буд.
Ҳоло бошад бо сабаби доштани соҳибони муштарак, Росенйор аз “Страсбур” ба “Челси” омад. Дар мавсими ҷорӣ даста марҳилаи гурӯҳии Лигаи конференсияро бо пирӯзӣ ҷамъбаст карда, дар ҷои ҳафтуми Лигаи 1 қарор дорад.
