Ovozi.uz

Суди Олии Ӯзбекистон рӯйхати манбаъҳои манъшударо эълон кард

Дар сайти расмии Суди Олӣ рӯйхати ташкилотҳо, вебсайтҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои мобилӣ, ки аз ҷониби суд экстремистӣ ё террористӣ эътироф шуда, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон манъ гардидааст, мунтазам нашр карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти хизмати матбуоти Суди Олӣ, ҳамаи манбаъҳо ва маводҳое, ки воридот, таҳия, паҳн ва намоиши онҳо дар қаламрави кишвар манъ аст, дар бахши «Маълумоти кушода»-и сайти расмии Суди Олӣ ба таври доимӣ нав карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки чунин манбаъҳое, ки бо ғояҳои харобкоронаи экстремизм ва терроризм олудаанд, метавонанд ба баъзе ҷавононе, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва дониши кофии динӣ надоранд, таъсири манфӣ расонда, дар зеҳни онҳо андешаҳои зӯроварӣ, вайронкориву харобкориро шакл диҳанд.

Қайд мегардад, ки таҷрибаи манъ кардани чунин мавод ва манбаъҳои таблиғкунандаи харобкорӣ бо қарори суд дар бисёр кишварҳои хориҷӣ низ ба таври васеъ истифода мешавад.

Суди Олӣ то ҳолати 10-уми январи соли 2026 рӯйхати манбаъҳо ва контентҳоеро, ки тарғибгари ғояҳои экстремизм ва терроризм эътироф шудаанд, нав кард.

Ин маводҳо дорои нишонаҳои паҳн кардани ғояҳои вайронкорӣ, сафед кардани зӯроварӣ ва терроризм, инчунин таҷовуз ба сохтори конститутсионии давлат арзёбӣ шудаанд.

Мутобиқи қонунгузорӣ, паҳн кардан, нигоҳ доштан ё таблиғ кардани чунин манбаъҳо метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ гардад.

Суди Олӣ шаҳрвандон, падару модарон ва ҷавононро ба он даъват мекунад, ки ҳамеша аз афтодан ба доми ақидапарастӣ, экстремизм ва терроризм эҳтиёт бошанд.