Ovozi.uz

Фонди рушди маданияти китобхонӣ таъсис дода мешавад

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди маданияти китобхонӣ ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба мутолиаи китоб» (№ ПҚ–9 аз 15.01.2026) қабул гардид.

Мақсади асосии қабули ин қарор расонидани сатҳи китобхонии аҳолӣ (шумораи китобҳои мутолиакардаи як нафар дар як сол) дар солҳои 2026–2030 ба ҳисоби миёна то 10 китоб муайян шудааст.

Мувофиқи қарор, дар назди Агентии кор бо ҷавонон Фонди рушди маданияти китобхонӣ таъсис дода шуда, ҳайати Шӯрои васигии он тасдиқ мегардад.

Маблағҳои Фонд барои маблағгузории тадбирҳои зерин равона карда мешаванд:

➖ ҷудо намудани грантҳо барои нависандагони ҷавон тавассути озмун ва нашри асарҳои онҳо, инчунин дастгирии лоиҳаҳо дар самти адабиёти кӯдакон;

➖ муайян намудани муаллифони боистеъдод тавассути озмун ва фароҳам овардани шароити эҷодӣ барои онҳо бо пардохти ҳармоҳа то муҳлати 1 сол дар ҳаҷми то 50 баробари МҲБ;

➖ омода ва нашр намудани беҳтарин осори адабиёти хориҷӣ ба забони ӯзбекӣ ва адабиёти миллӣ ба забонҳои хориҷӣ, бо ҷуброни 50 фоизи хароҷоти нашр ва 80 фоизи хароҷоти ҳуқуқи муаллиф;

➖ пардохти мукофотпулӣ ба аъзои Шӯрои васигӣ дар ҳар семоҳа дар ҳаҷми то 50 баробари МҲБ.