Ovozi.uz

Чаҳор соли заҳматнок ва қадами қатъӣ сӯи марраҳои баланд

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд чаҳорсолагии таъсисёбии Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд ҷашн гирифта шуд.

Тадбир бо намоиши видеоролики «SIUT AI — мулоқот бо зеҳни сунъӣ» оғоз ёфта, иштирокчиёнро гӯё ба ҷаҳони технологияҳои оянда бурд. Ректори донишгоҳ, профессор Юсуф Абдуллаев дар суханронии худ таъкид кард, ки мақсади асосӣ тарбия намудани мутахассисони ҳақиқии соҳаи технология аст — ҷавононе, ки метавонанд иқтисоди Ватанро рушд диҳанд ва бо ҷаҳон ҳамқадам бошанд. Дар доираи тадбир донишҷӯёни пешсаф ва устодони фаъол, ки ба гурӯҳи «ТОП-12» дохил шуданд, мукофотонида шуданд. Ғолибони озмунҳои гуногун низ бо туҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардиданд.

Сипас, барномаи мусиқӣ оғоз ёфт. Аз ҷониби мудири шуъбаи маънавият ва маърифати донишгоҳ Зулфия Рашидова суруди «Ӯзбекистон» бори аввал (премьера) иҷро шуд. Инчунин, лавҳа аз асари «Муколамаи ду насл»-и узви Иттиҳодияи нависандагон ва журналистони Ӯзбекистон, профессори фахрии донишгоҳ Хосият Бобомуродова намоиш дода шуд.

Тадбир мадҳияи навшудаи SIUT хотима ёфт.