Ovozi.uz

Дар маҷмааи Имом Бухорӣ системаи назорати видеоии интеллектуалӣ ба кор андохта шуд

Барои таъмини бехатарии сокинон ва зоирони зиёраткунандаи маҷмааи Имом Бухорӣ системаи муосири назорати видеоии интеллектуалӣ ҷорӣ гардид.

Бо иштироки Маркази «Шаҳри бехатар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбектелеком» ва ташкилотҳои пудратӣ минтақа пурра омӯхта ва лоиҳаву нақшаҳо таҳия карда шуданд. Дар маҷмаа ва қаламрави он дар маҷмӯъ 352 камера насб гардид.

Камераҳои насбшуда ба маркази идораи зудамали Садорати корҳои дохилии вилоят ва платформаи «Шаҳри бехатар» муттаҳид карда шудаанд.

Ин тадбирҳо барои пурзӯр намудани бехатарии ҷамъиятӣ дар маҷмаа, таъмини тартиб ва фароҳам овардани муҳити бароҳат ва ором барои меҳмонон хизмат мекунанд.