Сессияи Шӯрои вилоят
Рӯзи 9‑уми феврали соли равон сессияи бисту шашуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд. Сипас, ҳисоботи сардори Садорати корҳои дохилии вилоят (СКД) Т.Ариповро роҷеъ ба корҳое шуниданд, ки барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ амалӣ карда мешаванд.
— Роҳбари давлатамон 27‑уми январи соли равон дар ҷамъомаде, ки бахшида бо чораҳои бунёди амалиёти намунавӣ роҷеъ ба ташаккули муҳити бехавф ва таъмини самараноки амнияти ҷамоатӣ гузаронда шуд, барои иҷрои ин чораҳо дар назди идораҳои корҳои дохилӣ аз рӯи 4 самти устувор вазифаҳо муайян намуданд. Яъне, Президентамон корҳое, ки бар зидди ҷинояткории муташаккил, нашъамандӣ, киберҷиноят ва иқтисодиёти пӯшида амалӣ карда мешаванд, танқид намуданд. Мо бар асоси он чораҳоеро муайян кардем, ки дар ин самтҳо амалӣ намудани онҳо зарур мебошанд, — гуфт Т.Арипов. — Бинобар ин, дар ҳисоботи худ корҳое, ки соли гузашта барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқшиканӣ амалӣ гардидаанд ва чораҳое, ки соли равон дар 4 самти устувор бояд роҳандозӣ карда шаванд, алоҳида қайд мекунам.
Соли гузашта дар вилоят ҳамагӣ 15998 ҷиноят ба рӯйхат гирифта шудааст ва он нисбати соли 2024 6596‑то афзудааст. 5156‑тои ин ҷиноятҳоро (32 дарсад) пешгирӣ кардан мумкин буд, 3241‑тои онҳоро (20 дарсад) муайян намудаанд, 7801‑тоаш (78 дарсад) ҷиноятҳоеро ташкил мекунанд, ки бо ёрии технологияҳои ахборӣ содир шудаанд.
Дар ҳисобот қайд гардид, ки сохтори ба ҷои ҳодиса дар 5 дақиқа расидан роҳандозӣ шудааст. Аз 110266 хабаре, ки ба воситаи «сохтори 112» расидаанд, ба 109079‑тоаш то 8 дақиқа, 971‑тоаш дар давоми аз 8-то 15 дақиқа, ба 216-тоаш дар муддати аз 15‑то 30 дақиқа расида омадаанд.
Ҳамаи ин хабарҳо ҳар рӯз аз рӯи мавзеъ ва навъи ҷиноятҳо таҳлил карда мешаванд ва онҳоро саривақт ҳал мекунанд. Дар натиҷа, муроҷиатҳои такрорӣ хеле кам ва муроҷиат роҷеъ ба фаъолияти ходимони идораҳои корҳои дохилӣ ду баробар коҳиш ёфтаанд.
Инчунин, аз моҳи сентябри соли 2025 дар вилоят бо мақсади пешгирии саривақтии ҷиноятҳо ва таъмини профилактикаи онҳо самтҳои устуворе, ки барои худ ба сифати таҷрибаи Самарқанд муайян кардем, самараи худро доданд.
Дар натиҷа, дар 5 моҳи охири соли 2025 ҳар моҳ нисбат ба моҳи август ҷанҷолҳои оилавӣ аз 23-то 41 дарсад, расондани ҷароҳат ба тан аз 21-то 62 дарсад, ҷанҷол дар ҷойҳои ҷамоатӣ аз 23-то 45 дарсад, ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ аз 2-то 15 дарсад кам шудаанд.
Мутаассифона, шумораи киберҷиноятҳо сол аз сол зиёд мешаванд. Дар соли 2025 7601 киберҷиноят рӯй дода, он 47 дарсади ҳамаи ҷиноятҳоро ташкил намудааст. Муроҷиатҳо роҷеъ ба ҷиноят ва қонуншиканиҳое, ки бо истифода аз технологияҳои ахборӣ содир кардаанд, 8611‑то буд ва нисбати соли 2024 ба 3773‑то афзудааст.
Дар натиҷаи чораҳое, ки дар соҳаи мубориза бар зидди киберҷиноят амалӣ гардиданд, 2,3 ҳазор картаҳои бонк, ки эҳтимоли аз ҷиноят ҷабр дидан доштанд, блок карда шуданд ва тороҷи наздик ба 5 млрд. сӯм маблағ пешгирӣ гардид. Инчунин, аз наздик ба 50 млрд. сӯм маблағ, ки дар натиҷаи киберҷиноят дуздида шуд, 8 млрд. 200 млн. сӯмашро ба соҳибонаш баргардонданд.
Сипас, дар сессия ҳисоботи ҳокими ноҳияи Нарпай дар бораи корҳое, ки соли 2025 дар ноҳияи Нарпай барои иҷрои барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ амалӣ гардидаанд, шунида шуд. Аз ҳисобот маълум шуд, ки дар соли 2025 ба ноҳия 156 миллиард сӯм маблағ ҷудо кардаанд. Инчунин, дар ҷамъбасти сол ҳаҷми саноат 1 триллиону 280 миллиард сӯм, ҳаҷми хизматҳо 1 триллиону 453 миллиард сӯм, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 2 триллиону 929 миллиард сӯм, ҳаҷми корҳои бинокорӣ ва пудратӣ 221,9 миллиард сӯмро ташкил кардааст. Шуғли 20,9 ҳазор нафар шаҳрвандро таъмин намуда, дараҷаи бекорӣ аз 5,6 дарсади оғози сол ба 5,1 дарсад фаромадааст, 3,7 ҳазорто хонадонро аз рӯйхати камбизоатон бароварда, дараҷаи камбизоатӣ аз 7,6 дарсад то 5,3 дарсад ихтисор шудааст.
— Дар солҳои 2026–2027 барои лоиҳаҳои инфрасохтории маҳаллаҳои ноҳияи мо 304,3 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст, — гуфт А.Болиев. — Мисол, дар доираи барномаи инвеститсия 2‑то мактаб, 2‑то муассисаи таълими томактабӣ ва 2‑то маскани тиббӣ месозанд, барои беҳтар намудани оби ошомидании аҳолии маҳаллаи Халқобод ва таъмири 139‑ум километри автомагистрали М‑37 71,3 миллиард сӯм, дар доираи лоиҳаҳои «Инфрасохтори деҳот» ва «Шаҳрҳои миёна» барои рушди маҳаллаҳои Сарбозор, Истиқлол, Наврӯз ва Нағорахона 75,3 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
Дар сессия натиҷаҳои корҳои омӯзишии аъзои комиссияҳои доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар ноҳияи Нарпай ва норасоиҳои мушоҳидашударо таҳлил карданд. Вазифаҳои оянда роҷеъ ба ҳалли муаммоҳои мазкур муайян карда шуданд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили «Дар бораи барҳам додани минтақаҳои хурди саноатии бесамар дар шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Пайариқ, Каттақӯрғон ва Булунғур», «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои ҳокими вилоят аз 5‑уми декабри соли 2025 таҳти рақами 405 ва 27‑уми январи соли 2026 таҳти рақами 31», «Дар бораи тасдиқ кардани нақшаи фаъолияти барои соли 2026 пешбинишудаи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд», «Дар бораи дохил намудани тағйирот ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд аз 26‑уми декабри соли 2024 «Роҷеъ ба тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025» таҳти рақами VII‑5–025–7-О-К/24» ва ғайра баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Таҷрибаи Самарқанд дар пешгирии ҷинояткорӣ
