Ovozi.uz

Адиз Бобоев: «Боварии баланд масъулияти ба халқ сидқидилона хидмат карданро зиёд кард»

Муроҷиатномаи пурмазмун ва воломақоми Сарвари давлатамон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва халқи Ӯзбекистон дар поёни соли 2025, бешубҳа, барномаи бунёдкорӣ ва рушд аст, ки онро аҳолии сермиллати кишвари мо якдилона пазируфт ва барои амалӣ кардани он тасмим гирифт.

Ҷиҳати сазовори диққат ин аст, ки дар муроҷиатнома ба салоҳият ва рушди Самарқанд эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Ба ин муносибат, бо ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев суҳбат намудем.

— Муҳтарам Адиз Музаффарович, пас аз он, ки ба вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд таъин гардидед, аз дилатон чиҳо гузашт?

— Самарқанд минтақаест, ки на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи алоҳида дорад. Роҳбарӣ дар чунин як маркази таърихӣ ва фарҳангӣ, бешубҳа, ҳам шараф, ҳам масъулияти бузург аст.

Моҳи ноябри соли гузашта бо иштироки Сарвари давлатамон сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи шаҳри Самарқанд чунин гуфтанд: «Ин сарзамини бузург, ки дар худ таъриху арзишҳои чандҳазорсоларо таҷассум кардааст, дар заминаи анъанаҳои меъмории муосир рӯз то рӯз зеботар мегардад, мавқеи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ торафт мустаҳкамтар менамояд. Бахусус, бунёди Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим», обод гардидани беш аз 40 зиёратгоҳи муқаддас, аз нав сохта шудани фурудгоҳи байналхалқии «Самарқанд», ба кор шурӯъ кардани даҳҳо меҳмонхонаҳои бренди байналмилалӣ салоҳияти сайёҳии минтақаро ба марҳилаи нав баровард.

Самарқанд дар солҳои охир ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва тиҷоратӣ, инчунин майдони мулоқот барои чорабиниҳои бузург табдил меёбад. Дар соли 2025 дар ин ҷо гузаронида шудани зиёда аз 40 анҷумани байналмилалии бонуфуз, аз ҷумла сессияи 43‑юми Сарконференсияи ЮНЕСКО, дар ҳақиқат, воқеаи таърихӣ гардиданд. Мо тавонистем Самарқандро ба як минтақаи ҷолиб барои сокинон ва соҳибкорон, инчунин барои сайёҳон ва сармоягузорон табдил диҳем».

Барои ривоҷу равнақи иқтисодиву иҷтимоии минтақа қарорҳои Президент қабул ва дастурҳои давлатӣ тасдиқ шудаанд. Манбаъҳои маблағгузорӣ низ аниқу возеҳ мебошанд. Аз мо таъмини бечунучарои иҷрои ин ҳуҷҷату дастурҳо барои рушди иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ тақозо карда мешавад.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо зикри баъзе рақамҳоро зарур мешуморам. Дар соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 121,5 триллион сӯмро ташкил дод. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 57,7, хоҷагии қишлоқ 60,7, хидматрасонӣ 78,1, бунёдкорӣ 18,6 триллион сӯм афзуд. Дар моҳҳои январ-­декабри соли гузашта ба вилояти мо дар ҳаҷми 2,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид, ба миқдори 1 150,9 миллион доллар маҳсулот содир, 349,9 ҳазор ҷойи корӣ ташкил ва шуғли аҳолии бекор таъмин гардид.

Бо додани 32,1 миллиард сӯм кредитҳои имтиёзнок ба 14,2 ҳазор оила, таъмини шуғл ва омӯзиши соҳибкорӣ, 239,4 ҳазор нафар аъзои оила аз камбизоатӣ раҳоӣ ёфтанд. Дар ҳоле ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоятамон дар аввали соли гузашта 7,5 фоизро ташкил медод, имрӯз ин рақам 3,6 фоизро ташкил медиҳад. Мо мақсад дорем, ки то охири соли равон сатҳи камбизоатиро то 2,0 дарсад коҳиш диҳем.

Мардуми мо шоҳиди корҳои сохтмонӣ ҳастанд. Танҳо соли гузашта дар минтақаи мо дар асоси барномаҳои давлатӣ 936 иншооти нав сохтанд. Биноҳои бисёрошёнаи дорои 12,9 ҳазор хона ба истифода дода шуданд. Дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Тайлоқ, Булунғур ва Ургут мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» қад рост карданд ва ҳоло аҳолӣ дар ин шаҳракҳои нав зиндагӣ мекунанд.

Дар минтақаи паси роҳи оҳани шаҳри Самарқанд, ки солҳои тӯлонӣ ба он беэътиборӣ карда мешуд, соли гузашта дар асоси барномаи таъмир корҳои амалӣ оғоз ёфтанд. Дар ин ҷо дар масоҳати 301 гектар замин 31 ҳазор хона барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ, инчунин дар асоси лоиҳаҳои муосир, мактаб, муассисаҳои таълими томактабӣ, маркази тиббии бисёрсоҳавӣ, муассисаи таълими олӣ, иншооти варзишӣ ва саломатӣ, автоистгоҳҳои бисёрқабата, боғҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, экобозор, марказҳои тиҷорат ва фароғат сохта мешаванд.

Ғайр аз ин, дар шаҳри Самарқанд бо иштироки Хазинаи тараққиёти Абу-­Дабӣ корҳои бунёдкорӣ барои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва бехатарии роҳ ба арзиши 225 миллион доллари ИМА муташаккилона идома доранд. Дар асоси лоиҳаи мазкур сохтмони ду нақб ва чаҳор роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон оғоз ёфтанд. Ба масоҳати 12 километр шабакаи оби ҷорӣ ва ба дарозии ҳамин масоҳат шабакаҳои оби ошомиданӣ нав карда шуданд. Таъмиру тармими 12 километр роҳи марказӣ ҳанӯз идома дорад. 22 километр роҳрави пиёдагардон сохта шуд.

Илова бар ин, марҳилаи аввали корҳо оид ба системаи марказонида пайваст кардани биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои Сартепа, Суғдиёна, минтақаҳои «А» ва «Б»-и Микрорайон, инчунин атрофи роҳи оҳани шаҳри Самарқанд, ки 20 сол боз системаи гармидиҳӣ надоштанд, ба анҷом расида, имконияти таъмини гармӣ ва оби гарм ба 93 хона фароҳам оварда шуд.

Дар кӯчаи Ӯзбекистон дар ҷойи собиқ госпитали ҳарбӣ боғи истироҳату фароғати бачагон барпо шуд. Дар маҷмааи Имом Бухорӣ бо ташаббуси Сарвари давлатамон ансамбли маъмурии замонавӣ бунёд меёбад. Агар дар байни мардум бошед, суҳбати ошкоро ва самимӣ намоед, мефаҳмед, ки ислоҳот чӣ гуна амалӣ мешаванд, муаммоҳоеро, ки мардуми моро ба ташвиш меоранд, аз чиҳо иборатанд. Ин талаби Президентамон аст. Новобаста аз он ки ман ба кадом ноҳия, шаҳр ё минтақаи дурдаст меравам, ҳатман бо мардум суҳбат менамоям, инчунин аз ҷойҳое, ки роҳбарон интизорашон набуданд, дидан мекунам. Чунин талош самараи мусбати худро медиҳад.

— Самарқанд маскани фарохдилӣ ва аҳолиаш гуногунмиллат аст. Барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо чӣ гуна корҳо амалӣ мешаванд?

— Самарқанд аз азал ҳудуди сермиллат буд ва мардумаш ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Эҳтирому ҳифзи забон, фарҳанг, урфу одати онҳо сиёсати оқилона ва устувори давлат мебошад. Ҳоло дар вилоят даҳҳо маркази миллӣ-­фарҳангӣ фаъолияти пурсамар мебаранд. Идораи онҳо дар Хонаи дӯстӣ ҷойгир аст. Дар ин ҷо барои фаъолияти марказҳо, ташкили чорабиниҳои муштарак ва муаррифии барномаҳои фарҳангӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. «Бародарӣ — баробарӣ» мақоли хуби тоҷикист, ки фалсафаи фарохдилии тамоми минтақаро инъикос менамояд. Дар Самарқанд фестивалҳои миллатҳои гуногун ва чорабиниҳои фарҳангии анъанавӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин минтақа бахусус тоҷикону ӯзбекон аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Онҳо чунон омезиш ёфтаанд, ки нишонаҳои неки онро дар тамоми рӯзгори моддӣ ва маънавии мардум метавон пайдо кард. Беш аз ҳазор сол аст, ки таърих, забон, адабиёт, расму оин ва ба таври куллӣ фарҳанги ин ду миллат ба ҳамдигар таъсири мутақобила доранд. Муштаракоти ин ду халқ то ҷоест, ки аксар онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мушкил аст. Агар ба забони ин ду миллат таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки вожаҳои тоҷикӣ ё ӯзбекӣ вориди забони якдигар гардида, хазинаи луғавии забонашонро ғанӣ сохтаанд.

Муштариёни рӯзнома огоҳ ҳастанд, ки соли 2018 дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз шуд. Ин муносибатҳои неку созанда, бешак, бо ибтикору дурандешии Президенти мамлакатамон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд.

Яъне, ҳамкории бисёрҷанба ба марҳилаи нав бароварда шуда, дӯстии халқҳои мо мустаҳкам гардид ва дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-­иқтисодӣ ва ғайра ҳаракатҳои васеъмиқёси некӯ амалӣ мешаванд.

Хусусан, гузаргоҳи «Ҷартеппа — Саразм», ки дар ноҳияи Ургут воқеъ аст, ба таври мутантан кушода шуд. Чанде пеш бо иштироки Президентамон нахустин поезд ба минтақаи озоди иқтисодии Ургут гузашт. Чунин иқдоми неку созанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки минбаъд ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ боз ҳам ривоҷу равнақ хоҳад ёфт.

— Дар густариш ёфтани иқтисоди вилоят кадом соҳаҳо мавқеи асосӣ доранд?

— Агар даҳ-понздаҳ сол муқаддам ба ин савол хоҷагии қишлоқ, гӯён посух диҳем, имрӯз бидуни муболиға сайёҳӣ, саноат, соҳаҳои гуногуни хидматрасониро драйвери асосӣ ҳисобидан мумкин аст. Солҳои охир Самарқанд дар дунё ҳамчун дарвозаи сайёҳӣ машҳур гардид. Ҷараёни омаду рафти меҳмонони хориҷӣ сол то сол меафзояд. Соли гузашта 5,3 миллион сайёҳи дохилӣ ва беш аз 3,0 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Самарқанд дидан карданд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 дарсад бештар аст. Барои оммавӣ гардонидани сайёҳӣ зиёда аз 30 фестивали байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. Дар натиҷа, ҳатто дар моҳҳои ғайримавсимӣ беш аз 500 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва дохилӣ ба минтақа омаданд ва ҷараёни сайёҳон дар давраи ғайримавсимӣ 57 дарсад афзоиш ёфт.

Дар тӯли соли 2025 771 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, шумораи корхонаҳои хурди тиҷоратӣ, ки фаъолият пеш мебаранд, ба 34 ҳазору 495 адад расид.

Соли 2026 дар Самарқанд Бозиҳои олимпӣ баргузор мешаванд. Барои чунин мусобиқаи бонуфуз омодагии ҳамаҷониба сурат мегирад.

— Ба наздикӣ шуморо роҳбари федератсияи шоҳмоти вилоят интихоб карданд. Муносибати шумо ба варзиш чӣ гуна аст?

— Варзиш инсонро на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ ҳам тарбия менамояд. Хосатан, шатранҷ ақлу идроки инсонро ривоҷу равнақ дода, барои бо сабру таҳаммул ва мустаҳкам шудани хотираи инсон кумак мерасонад. Солҳои охир варзишгаронамон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ аз шоҳсуфаҳои баланд ҷой гирифтанд, ки ин комёбиҳо ифтихори мост. Дар байни чемпионҳои Бозиҳои олимпӣ ва Ҷоми ҷаҳон қарор гирифтани теъдоди зиёди варзишгарони самарқандӣ, ба сифати роҳбар, боиси ифтихори зиёди ман низ мегардад. Бояд гӯям, ки ман солҳои таҳсил дар мактаби миёна иштирокчии маҳфилҳои шоҳмот будам ва ҳатто дар чанд мусобиқа пирӯз ҳам шудаам. Ҳоло ҳам чун вақти холӣ ва имконият пайдо шавад, албатта, мӯҳраронӣ мекунам. Зеро, тавре ки дар боло гуфтам, бозии мазкур барои ҷамъ намудани фикру андеша, қабул намудани қарори дуруст кумак мекунад. Ният дорем, ки дар ҳар як ноҳияву шаҳр мактабҳои шоҳмот сохта, ин бозии шавқангезро дар байни насли наврас тарғибу ташвиқ намоем.

— Тавре ки мегӯянд, «паранда бо бол», пояи ҳар як рушд ба кадрҳо вобаста аст. Дар ин маврид чӣ навовариҳо интизоранд?

— Манзури шуморо дарк кардам. Шумо мехоҳед донед, ки оё дастаи худро ташкил кардаам? Не, дар кишвари мо ҳар як шахс дар асоси дониш, қобилият ва дараҷаи иҷрои вазифаҳои худ дар вазифа мемонад ё ба вазифа мерасад. Ин танҳо ба ман вобаста нест. Имрӯз сиёсати кадрӣ дар кишвари мо ба куллӣ нав мешавад, дар ин маврид низом вуҷуд дорад. Захираи номзадҳои арзанда барои вазифаҳои роҳбарӣ вуҷуд дорад ва онҳо дар асоси тартиби муайян, дониш, қобилият, ташаббус ва дарки амиқи ниёзҳои имрӯза интихоб карда шуда, фаъолияти худро пеш мебаранд. Ба ибораи дигар гӯем, роҳбарон на дар асоси тавсия ё шиносоии касе, балки дар асоси дониш, тахассус, ташаббус ва қобилияти кор бо мардум интихоб карда мешаванд. Ҳар як роҳбар бояд, пеш аз ҳама, ба мардум хизмат кунад. Манфиати умумӣ, на манфиати шахсӣ, бояд ғолиб ояд. Ин меъёри асосӣ дар фаъолияти роҳбарон дар ҳама сатҳҳост ва бо тарзи мувофиқ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад. Мо, инчунин ба омода кардани ҷавонон ва занон барои вазифаҳои роҳбарӣ диққати махсус медиҳем.

— Бо ин қадар фаъолият, муаммо ва масъулият оё барои истироҳат вақт пайдо мекунед?

— Албатта, барои бо аҳли оила будан, китоб хондан ва шуғл бо варзиш вақт ёфтан мумкин аст. Бе ин, ба даст овардани натиҷа дар кор душвор мешавад. Инсон як организми зинда аст, бояд сари вақт кор ва истироҳат кунад. Ин барои саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон хеле муҳим аст. Баъзе одамон аз кори беҳад ва надоштани вақт барои истироҳат шикоят мекунанд. Ман инро оқибати дуруст ташкил накардани вақти худ ва надонистани тарзи идоракунии вақт мешуморам. Ман, инчунин аз зердастонам хоҳиш мекунам, ки дар вақти пешбинишуда кор кунанд ва рӯзҳои истироҳат бо оилаашон вақт гузаронанд, ба сафарҳо раванд ва истироҳати фарҳангӣ дошта бошанд.

— Муносибати шумо ба таърифу таҳсин ва танқид чӣ гуна аст?

— Ситоиш — санҷиш, танқид — омили тараққиёт аст, агар он асоснок, самимӣ ва беғаразона бошад. Агар ба одам хато ва иштибоҳи ӯро нишон диҳед, болои худ кор мекунад, ислоҳ мешавад. Ситоиш бошад, ба масъулият даъват менамояд. Ҳеҷ шуғле бе машварат, бе маслиҳат накӯ наояд.

Самарқанд аз азал макони фозилону донишмандон буд ва хоҳад монд. Боиси хушнудист, ки баъди барои кор ба «Сайқали рӯйи замин» омадан, бо шахсони наҷиб, соҳибтаҷриба, накӯкор риштаи дӯстӣ бастам. Аз ҷумла, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд Аҳадбобо Очилови 101‑сола, собиқ роҳбари вилоят Пӯлод Абдураҳмонов, арбоби давлатӣ Маматқул Абдушукуров, дипломат, аввалин сафири Ӯзбекистон дар Россия Юсуф Абдуллоев, раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Шуҳрат Неъматов, ҳуқуқшинос Алишер Мардиев, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, ҳамкасбони шумо Тошпӯлод Раҳматуллоев, Фармон Тошев ва дигарон барҳақ маслиҳатгари мо мебошанд.

— Нақшаҳои ояндаи шумо аз чиҳо иборатанд?

— Дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди ба вазифаи ҳокими вилоят таъин кардани камина таъкид намуданд, ки ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ ва содирот, паст кардани арзиши аслӣ ва афзунсозии самаранокии энергетика эътибори ҷиддӣ дода, Самарқандро ба минтақаи намунавӣ табдил диҳем. Роҳбари давлатамон дар муроҷиатномаи худ низ таъкид кард, ки мо бояд ба мақсадҳои баланд ва шукуфоии минбаъдаи Ватани маҳбубамон бирасем. Агар мо ин вазифаҳои масъулиятнокро ҷиддӣ иҷро кунем, ба марраҳои баланд хоҳем расид.

— Ниҳоят, таманнои шумо ба мардуми сермиллати Ӯзбекистони Нав тавассути рӯзнома?

— Қатъи назар аз миллат ва дин ҳаёти фаровону осуда гузаронидани ҳар як шаҳрванди мо асоси сиёсати давлатамонро ташкил медиҳад. Ӯзбекистони Нав хонаи умумии мост. Ба хонадони ҳамватанонамон осудагиву осоиштагӣ, дастархони пурнозу неъмат орзумандам. Ватани ягона, муқаддас ва ҷоноҷонамон дар дилҳо низ шукуфо бошад!

— Сипоси фаровон барои суҳбати самимӣ.

— Саломат бошед!

Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА